74- сол  муқаддам сокинони шӯҳратманди собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз болои германияи фашистӣ зафар ёфта, ҳамасола дар мамлакатҳои собиқ шӯравӣ санаи 9 – майро чун Рӯзи Ғалаба таҷлил мекунанд. Боиси хушнудист, ки ба шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милдлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадру манзалати иштирокчиёни ҷанг ва нафарони дар ақибгоҳ кору фаъолият дошта пайваста ба ғамхориҳо фаро гирифта мешаванд.

Имсол низ ин ҷашни бузурги таърихӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Роҳбарияти кумиҷроия  шахсони дар ин ҷанг иштироккардаро аёдат намуданд.

Гузашта аз ин, бо иқдоми кумиҷроия дар майдони ситораҳои Хуҷанди шаҳр аксия таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад” дар ҳамкорӣ бо радиои “Шаҳри ман” доир карда шуд. Дар аксия хонандагони шаҳр бо либоси ҳарбӣ бо варақаҳои табрикотӣ  сокинонро бо ҷашни  Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ҳамроҳ аксҳои хотиравиро дар назди шиору овезаҳо гирифтанд. Аҷибаш он, ки табрикоти мустақими толибилмонро мардум тариқи радио қабул мекарданд. Дар аксия номаи шодбошии  раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар тариқи радио ба самъи шунавандагон расонида шуд.