Тибқи баркияи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати фаҳмондадиҳии қоидаҳои нави будубоши муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Федератсия Россия имрӯзҳо дар ҳамаи кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳо доир гардида истодаанд. 

Масъалаи маскур санаи 4 апрел дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор гирифт ва нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва шӯъбаи агенти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати фаҳмондадиҳии қарори нави будубоши мухоҷирони корӣ дар қаламрави Федератсияи Россия тасдиқ карда шуд.

Санаи 12 апрел гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар дар чойхонаи «Деҳнав»и кумитаи маҳаллаи «Тути Калон»-и шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳалла вохӯрӣ доир намуд.

Дар вохӯрӣ раиси кумиҷроия ҳамаи иштирокчиёнро ба тасмими мақомоти Федератсияи Россия дар бораи сабук намудани муқаррароти будубоши муҳоҷирон ва афв кардани бахше аз муҷозоти маъмурии онҳо дар қаламрави Россия шинос намуд.

Баъдан, ҳуқуқшиноси муассисаи давлатии «Маркази машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Хуҷанд» Фарида Иброҳимова оид ба бандҳои қарори нави будубоши муҳоҷирони корӣ дар қаламрави Россия маълумоти муфассал дод. 

Дар охир саволу ҷавобҳо доир гардид.