Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар остонаи иди касбии омӯзгорон ба иқдоми хубу шоиста даст зад. Дар ин рӯз кормандони кумиҷроия, ки ба он муттасаддиёни шуъбаи кор бо занони кумиҷроия ва шуъбаи ташкилӣ шомил буданд, дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр омӯзгоронро бо тақдими брошураи табрикотӣ бо иди касбиашон табрик гуфтанд. Зимни суҳбату мулоқот таъкид шуд, ки омӯзгор маҳз  асолати забони модариро барои шогирдон меомӯзонад, ӯро дар руҳияи худшиносии миллӣ тарбия намуда,  чун машъалафрӯзи роҳи ояндагон дар ташаккули маънавиёти ҷомеа саҳм мегузорад. Арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи онҳо, ҳарфи муҳаббат гуфтан дар ҳаққашон рисолати шаҳрвандии ҳар як узви ҷомеа маҳсуб меёбад.