Бо назардошти он ки саломатии мардум шарти аввалини пешрафти мамлакат маҳсуб меёбад, дар ташкилоти ибтидоии «Ҳофизи Шерозӣ» бо иштироки намояндагони Раёсати тандурустии вилояти Суғд, аз ҷумла, Комилов Фирӯз Мухторович – директори маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масъунияти одам дар вилояти Суғд, Хоҷаева Зуфнуна Олимовна – сарвари маркази вилоятии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Турсунова Гулчеҳра Эҳсоновна – равоншиноси Маркази БПНМ – и вилояти Суғд конференсияи илмӣ - амалӣ оид ба баланд бардоштани маърифати тиббии ҷавондухтарону ҷавонписарон доир гардид.

Бо сухани ифтитоҳӣ мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бобоева Зеварой баромад намуда, оид ба се омили рушди нерӯи инсонӣ, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ибрози андеша намуд.

Дар мавриди пешгирӣ ва мубориза бо бемориҳои ВИЧ ва СПИД, сирояткунанда ва шартҳои асосии танзиму ташаккули ҳаёти солим андешаҳои тахассусмандон, табибон ва рӯҳшинос шунида шуда, оид ба масъалаҳои баҳсталаби саломатӣ мубоҳисаҳо доир гардид.

Инчунин, масъалаҳои асосӣ, аз қабили якканикоҳӣ, содиқ будан ба ҳамсаре, ки ақди никоҳи ӯ дар мақомоти САҲШ баста шудааст, соле як маротиба, аз ташхиси бемориҳои сироятӣ гузаштан (гепатит А,В,С) мавзӯъҳое буданд, ки ҳамарӯза ҳангоми вохӯриҳо ва мулоқот бо шаҳрвандон бояд муҳокима ва мавриди баррасӣ қарор гиранд.