Имрӯз, мутаассифона, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар давлатҳои исломӣ, равияҳои худкушӣ, мардумкушӣ ва амалҳои террористӣ анъана шудааст ва ин ҳамаро ба мардуми мусалмон алоқаманд мекунанд, ки ин дину мазҳаби моро гунаҳкор месозад. Ташкил ва равонасозии чунин амалҳои террористӣ дар давлатҳои исломӣ ва дигар давлатҳо ин пешаи мусалмонони асил нест, балки ба зоҳир мусалмонон аст, чи хеле ки Муҳаммад Иқбол фармудааст:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост.

Дини мусалмонӣ дини тозатарин ва ростин аст, вале мутаассифона, имрӯз мусалмононе пайдо шудаанд, ки ин дини мубинро ба шохаҳо тақсим мекунанд ва аз он ҳизбҳо ташкил медиҳанд.

Дин ҳизб нест! Дин эътиқод аст ва боварӣ ба Худои таоло. Имрӯз дар давлатҳои исломӣ мусалмонон намояндагони динҳои дигарро бо чашми бад нигоҳ мекунанд, ки ин соф муқобили дини мубини ислом аст, барои он ки дар ислом умуман хислати бадбинӣ нисбати якдигар ва бандагони Худо гуноҳи гарон аст.

Агар бадбиниро гуноҳи гарон ё азим гӯем, худкушӣ, қатли мардуми бегуноҳ, дигар амалҳои террористӣ гуноҳе ҳаст ногуфтанӣ.

Яъне ифротгароён ё шахсоне, ки амалиёти ваҳшиёнаро на танҳо дар давлатҳои худ, балки дар дигар кишварҳои минтақа низ амалӣ мегардонанд, аз номи мусалмонон баромад карда, якчанд амалиёти террористӣ гузаронидаанд, ки боиси фоҷиаи гӯшношунид гардидааст. Яке аз он ваҳшоният чанде пеш дар кишвари Афғонистон сурат гирифт, ки дар натиҷа чандин нафари бегуноҳ ҷони худро аз даст доданд.  Боз якчанд амалҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ, ки худро гурӯҳҳои давлатҳои исломӣ эълон кардаанд, сурат гирифтааст, ки дар натиҷаи ин амалиёт мардуми бегуноҳ зарар бардошта, қисми дигари мардум ба қатл расонида шудаанд. Гурӯҳҳои мазкур бо чунин амалҳои зишт  ва ваҳшиёнаи худ, ки дар натиҷаи он нафарони зиёди бегуноҳ кушта мешаванд, соф ғарқи гуноҳанд, ки ин дар ислом нобахшиданӣ аст.

Барои аз байн бурдани чунин нофаҳмиҳо, бадбиниҳо ва амалҳои гайриинсонӣ, ҳар як фарди солимақл вазифадор аст, ки мардумро ба миллат ва дин ҷудо накунад, чунки онҳо ҳама офаридаи як Худоанд, чи тавре ки Саъдии Шерозӣ фармуда:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Яъне ҳар яки мо пеш аз даст задан ба ягон амали зишт ва ё амале, ки ваҳшиёна аст, бояд фикр кунем: «Оё чунин амали ман дуруст аст?», «Оё ин мусалмонии маро исбот мекунад?

Албатта, на, дуруст нест ва мусалмониро исбот намекунад ва ин роҳи ислом нест, балки ин роҳи мусалмонони ғаразнок ва соҳиби мафкураи паст мебошад. Пас, биёед, ҳаракат кунем, ки бо амалҳои хуби инсонии худ номи исломро пок нигоҳ дорем ва дар роҳи рости ислом вафодор монем. Ҳамчун шахси бомаърифат дар ҷомеаи имрӯзаи соҳибистиқлол барои зиндагии осоиштаву босуботи имрӯз ва фардои худ талош варзем.

 

Фаррух Аминов, устоди кафедраи сохтмони ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд