Тоҷикон аз қадимулайём бо камоли муруввату мадоро ва басо олиҳимматона фарҳанги аслии хешро доро буданд. Ҳамеша эҷодкор ва ганҷури тамаддуни ориёӣ буда, дар тули ҳазорсолаҳо дар руҳияи ҳамзистӣ, рафоқат, бародарӣ ва дӯстӣ зиндагӣ доранд. Муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи пешгирии ҳама гуна мушкилиҳо ғайрату нерӯ ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Дар таърихи гузашта низ миллати сарбаланду таҳаммулпазири тоҷик дар роҳи душвори зиндагӣ ҳангоми сар задани шароити вазнин дасти ҳамдигарро мегирифтанд, дӯсту тифоқ буданд ва баҳри барқарор намудани сулҳу ваҳдати  миллӣ якҷоя кушишу ғайрат менамуданд. Нишонаи аслии урфу одат, қабл аз ҳама одоби аҷдодии мо ин дастгирии ҳамдигар, амалҳои солеҳи инсонпарварона ва корҳои хайру нек ба назар мерасанд.

Бемории коронавирус ва дар миқёси ҷаҳон босуръат паҳн шудани он барои инсоният, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик санҷиши нахустини сарнавишт нест. Агар гузаштани начандон дурро ба хотир орем, дар минтақаи Осиёи Марказӣ бемориҳои сироятӣ тез–тез хурӯҷ намуда, бар асари онҳо ҳазорон нафар ҷони худро аз даст медоданд.

Хирадмандон зиндагиро маҷмӯаи бешу кам номидаанд ва он аз ҳодисаву ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ғайриинтизор пур аст. Соли гузашта дар ҳамин шабу рӯз касе ба гӯшаи хотир намеовард ва оварда ҳам наметавонист, ки мардуми сайёра ҳоло ба чунин хатар рӯ ба рӯ мешаванд.  Ҳар як рӯйдоди ҳаёт барои инсон панду андарз аст. Мо бояд аз рӯи онҳо натиҷагирӣ ва хулосабарорӣ намуда, роҳу шеваи дурустро интихоб кунем. Рӯзҳои сиёҳу сахти умри гузарон бояд аҳли ҷомеаро боз ҳам тифоқу аҳлтар  созанд, ғамхорию дастгирӣ ва меҳрубонии инсонҳоро нисбати якдигар бештар кунанд.

Мардуми  сайёра дар интиҳои соли 2019 аз пайдоиш ва паҳншавии бемориии коронавирус дар музофоти Юҳани Ҷумҳурии мардумии Чин огоҳӣ пайдо намудаанд ва дар кишвари мо вобаста ба пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемории мазкур андешидани чораҳои амалӣ аз ҳамон вақт оғоз ёфта буд ва то ҳол бомаром идома дорад.

Дар асоси дастуру супориши ва вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшишу ғайрат, пеш аз ҳама, ба он нигаронида шуд, ки ин вирус ба мамлакатамон ворид нагардад. Аҳли ҷомеа худ шоҳид ҳастанд, ки дар як муддати кӯтоҳ зиёда аз 7 ҳазор нафар шаҳрвандон аз давлатҳои хориҷа ба Ватан баргашта бо карантин фаро гирифта шуданд. Илова бар ин, тамоми гузаргоҳҳо маҳкам карда шуданд.

Имрӯзҳо дар шабакаҳои интернетӣ хабарҳои зиёди умедбахш ба чоп расида истодаанд ва ҳамаи онҳо аз одоби бародарӣ, тифоқию ҳамдастӣ, дӯстию мутаҳидии миллати мо шаҳодат медиҳанд. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар наҷоти ҳаёти ҷомеа нақши бузург дорад.  Бешубҳа, ҳамаи ин натиҷаи таълиму тарбияи инсонпарваронаи аҷдоди бузургамон ва сиёсати мардумсолоронаи Пешвои миллат буда, моро вазифадор месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он бештар кушиш намоем.

Вале, мутаассифона дар ин айёми душвору сангин дар қатори мардуми хайрхоҳу босабру таҳаммули тоҷик, ашхоси бадхоҳ ва бадбин бо афкору ақидаи фитнаангези худ оромию осудагии мардумро халалдор намуда, барои расидан барои мақсадҳои ночизи худ аз фурсати муносиб истифода бурда истоданд ва дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардуруғ ангехта истодаанд. Бархе  аз сиёсатбозон ва ба ном мухолифони давлати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои хабарии хориҷӣ кӯшиш мекунанд, ки суботу оромии мардуми кишвари моро халалдор намоянд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз оғози пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус як гурӯҳ ашхосон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии дурӯяи фурӯхташуда, ва душманони давлати миллат ин бадбахтии ба сари халқи ҷаҳон омадаро дидаю дониста барои ба таҳлука андохтани халқ, паҳн намудани овозаҳои беасосу бепоя, дурӯғ ва сиёҳ намудани давлату Ҳукумати кишвар истифода бурда истодаанд. Ин тоифа иқдому ташаббусҳо, корбариҳои назарраси баанҷомрасида ва ҳамдилию ҳамовозии мардумро намебинанд ва дидан ҳам намехоҳанд.

Чанд муддат вирди забони бадгӯёну бадхоҳон ҳамин буд, ки гӯё роҳбарияти кишвар ва дар умум мақомоти расмӣ ҳодисаи гирифторшавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба бемории коронавирусро пинҳон медоранд. Ашхоси мазкур ҳатто барои тобиши дигар додани ба ҳодисаи марги чанд нафар бисёр кӯшиш ҳам намуданд, то давлат ва ҳукуматро сиёҳу бадном намоянд.

Аҳли ҷомеа, чи хурду чи калон, бояд як нуктаи муҳимро хуб дарк намоянд: аз пинҳон намудани пайдоишу паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короавирус ба давлату Ҳукумат манфиате нест. Баръакс, пинҳон доштани вабои мазкур ва бепарвоӣ нисбати он бар зиёни ҳамагон аст.

Он ки то ба наздикӣ дар Ватанамон ҳодисаи гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд, ҳақиқатро пинҳон намудани мақомоти расмӣ не, балки самараи неки чораву тадбирҳои андешидашудаи саривақтӣ мебошад.

Ҳоло дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ фаъолияти худро ба таври густурда ба роҳ мондааст. Ҳар чи маҳдудияте, ки муваққатан ҷорӣ мегардад, ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ва ҳифзи саломатии аҳолист.

Тариқи расонаҳои ахбори оммае, ки воқеиятро холисона инъикос менамоянд, аз омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, дар умум хоҷагии халқ, захираҳои маводи доруворию таҷҳизоти тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва ғайра воқиф шуда истодаем. Ба бозору фурӯшгоҳҳо маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ ворид гардида, нархҳо ҳам ба танзим даромада истодаанд ва барои хавотирию нигаронӣ ягон баҳонаю сабаб нест.

Пешвои муаззами миллат дар пиёдасозии иқдому ташаббусҳои ватандӯстона барои аҳли ҷомеа ҳамеша намунаи олии ибрат мебошанд. Музди меҳнати якмоҳаи вазифавиашонро барои пешгирӣ ва мубориза ба муқобили коронавирус гузаронида, дилсӯзӣ нисбати халқ ва ҳиммати баланд доштанашонро бори дигар нишон доданд.

Дар чунин вазъияти ҳассос моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои таъмини сиҳатии мардум  пайдо  намоем. Таърихи тамаддунофари тоҷикон худ собит месозад ва шароити имрӯзаи вазнину номусоиди ҷаҳон низ тақозо менамояд, ки танҳо ба он халқу миллатҳо роҳи баромадан аз мушкилиҳо ва шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам месозад, ки қудрати бебаҳои табдил додани бадиҳоро ба некиҳо  доранд.

Бартарии бузурги Тоҷикистон дар баробари баъзе давлатҳо дар шароити буҳронии солҳои охири ҷаҳон маҳз сарчамъии мардуми сулҳпарвару аҳлу тифоқ маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, моҳият ва арзиши ягонагию сарҷамъии мардуми мо  ҳамчун сабақи ибратомӯз имрӯз барои ҳамагон ниҳоят муҳим мебошад. Чунки дар ҷаҳони ноорому пурҳаводиси муосир ҳамдастӣ, муттаҳидӣ ва ягонагӣ барои мардуми мо омили асосии сиҳатии ҷомеа, кафили боэътимоди амнияти давлат ва шарти асосии пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад.

Тавре болотар ишора кардем, бемории коронавирус барои сокинони Тоҷикистон ҳам як навъ санҷиш ва имтиҳони зиндагист. Чуноне муҳтарам Президенти кишвар дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд, мо борҳо аз чунин санҷишу имтиҳон гузаштаем ва ин бори низ сарбаландона хоҳем гузашт. Айни замон аз ҳамагон сабру таҳаммул ва тоқату истодагарӣ тақозо мешавад.

Бинобар ин, барои ноил шудан ба пирӯзии комил дар мубориза бо вабои аср ва таъмини рӯзгори босаодати мардуми кишвари маҳбубамон ҳамаи мо - ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, хурду бузурги Тоҷикистон вазифадорем, ки дар ин кори хайр саҳмгузор бошем. Хушбахтона бо ҷаҳду талоши фарзандони содиқи халқи тоҷик, ҳамзамон муҳоҷирони бо нангу номусу саховатпешаи тоҷик, майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва хости мардуми бонангу номуси Тоҷикистон, саломатӣ ва оромии мардуми мо  дар кишвар ва берун аз он ҳарчӣ зудтар барқарор гардида истодааст.

Дар ҳақиқат имруз сокинони бонангу номус ва сарбаланди кишвари азизамон ботаҳаммул, қавиирода ва ҳадафмандона  рафтор намуда, саъю талоши онҳо баҳои дастгирии табибон, ниёзмандону муҳтоҷон ва  дар ин ҷода намунаи инсондӯстӣ нишон медиҳанд. Бо эътимоди комил ба ин фазилати мардуми соҳибмаърифату сарбаландамон, ба ҳамаи шумо, ҳамватанони азиз бори дигар орзу менамоем, ки дар хонадони ҳар яки шумо чароғи муқаддаси оромӣ, саломатии бардавом ва хушрӯзию саодат ҳамеша фурӯзон бошад.

Бигзор, дар Тоҷикистони азизи мо то ҷовидон саломатии комилу бардавом, маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад!

 

Гулбаҳор Назирӣ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ