Яке аз одатҳои дерини мардуми ориёнажод дар рӯзҳои таҷлили иди бошукӯҳи Наврӯзи оламафрӯз ин пухтани таоми наврӯзӣ суманак мебошад. Дар кумитаи маҳалла ба номи «Якуми май» тантаҳои наврӯзӣ бо пухтани ин таоми миллӣ оғоз шуд. Пирони маҳалла сари деги пур аз таом шукронаи тинҷиву осиштагӣ намуда, суруди «суманак» дар лаб паи омодасозии суманак гардида, хурду бузург бо баргузории шеърхониву байтбаракҳо наврӯзи оламафрӯзро васф мекарданд.

Ҳадаф аз ташкили чунин маъракаҳо тарғиби рафоқати дӯстӣ байни сокинон ва бедор намудани ҳисси худшиносӣ дар ботини ҷавонон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Наврӯз яке аз чунин суннатҳои кӯҳани халқҳои Шарқ мебошад, ки он ҳар сол на танҳо дар сарзамини  кӯҳандиёри мо, Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, балки дар Эрон, Афғонистон, Озорбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия ва Ҳиндустон низ бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хос ҳамчун иди бедории табиат  ва фарорасии фасли баҳор таҷлил мегардад. Имрӯз мардуми мо низ ин суннати аҷдодиро ба пайравӣ аз пешиниёни худ гиромӣ медоранд.