Дар ҷаҳони муосири имрӯза ва шитаднокии ҷаҳонишавӣ терроризм ва ифротгароӣ ҳамчун хатар ба ояндаи ҷомеа ва инчунин ба амнияти ҷаҳон таҳдид карда, барои башарият хатари ҷиддиро ба миён овардааст. Дар ҷаҳони имрӯз, чуноне ба назар мерасад, ки терроризм чун вабои аср оромӣ ва зиндагии мардумро дар ин ё он гӯшаи дунё ноором карда, хатарҳои ва ҳамлаҳои маргборро ба миён оварда истодаст.

Дар маҷмӯъ хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрам дар ҷомеа ба шумор рафта, мазвридибаррасӣ ва муборизаи ҷомеа қорор гирифтааст. Ҳамзамион ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми воситаҳо ва имконияту роҳу усулҳои самарабахши муборизаро ба роҳ монда шудааст , то ки пеши роҳи онро бигиранд.

Махсусан дар ҷомеаи имрӯза терроризм ва экстремизм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд ва ҷомеаи инсониро таҳдид менамоякд бо ин амали худ. Дар ҳаққиқат, ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халадор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанг ваахлоқи минтақаҳои гуногунро коста гардонад.

Инҷо суоле ба миён меояд, ки чаро террористон даст ба чунин амали паст мезананд? Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон замон сабаби асосии ин зумра ашхос, ин надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ба занону кудакон раҳме надоранд ва ҳатто ба аҳлу оилаи худ раҳм намекунанд.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Вақти он расидааст, ки мо устодону олимон ва зиёиён ва ҳамаи нерӯи ҷомеаро баҳри таълиму тарбияи насли солиму наврас ва ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва ватандустӣ ҳақиқи тамоми донишу маҳорат ва қобилияту таҷрибаи хешро истифода бурда, баҳри пешгирии пеши роҳи шомил шудани ҷавонони кишварро ба ин гурӯҳҳои ифротгароро гирем ва фазои оромии кишвар қавитору устувор нигоҳ дорем. Ин албатта вазифаи ҳар як фарди ватандӯст мебошад, барои суҳу салоҳи ҷомеа ва амнияти он бояд ҳаматарафа мубориза намояд.

Ҳамзамон мо бояд ҳамаи аҳли ҷомеа, ва хусусан ҷавонону наврасонро зери назорати қатъи гирем, аз ҳаргуна ҳизбҳои сиёсӣ-динӣ, гурӯҳҳои иғвоангезу мазҳабҳои тафриқаангез эҳтиёт намоем.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мебошад вамубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор додааст. Дар ин самт стратегия ва барномаву тадбирҳои минтақавию ҷаҳонӣ намуда истодааст.

Мо, ҷавонон ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ва бањри дастгирии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамеша омодаем.

Аҳли ҷомеаи мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зоҳиршавиаш маҳкум карда, зарурияти мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин падида дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.


Ҳасанова З. н.и.ф достести кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Аюбов Ҳ. омӯзгори кафедраи фалсафа умумидонишгоҳии фалсафа
аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд