Имрӯзҳо бахшида ба фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои фарҳангии тамаддунофар баргузор гардида истодааст.

  Чунин як чорабинӣ дар ташкилоти ибтидоии «Пайравони миллат» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидои Мусаббеҳхон Саидова баромад намуда, аз дастгирӣ ва ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани Барномаҳои стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуд.

  Ҳамзамон дар чорабинии мазкур ҷонишини раиси КИИ «Истиқлол» Ҳамрохон Атаева ширкат варзида, кӯдаконро ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз шодбод гуфта табрикоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба аҳли ҳозирин расонид.

  Баҳри болидахотирӣ ва фараҳмандии кӯдакон лаҳзаи мусиқӣ ва сурудҳои дилчаспу дилошӯб танинандоз гардид, ки аз оромӣ ва амнияти кишвари азиз – Тоҷикиистони соҳибистиқлол гувоҳӣ медиҳад:

          Ҳар рӯзатон Наврӯз бод,

          Наврӯзатон фирӯз бод!