Дар саҳифаҳои таърихи тамаддуни башарият кам нестанд он ҳодисаҳое, ки ба куштору ғорат, даҳшатафкании инсонҳо ва ба ғуломӣ маҷбур кардани онҳо дида нашуда бошанд. Бар замми ҳамаи ин ҳуҷуми як қавм ба қавми дигар ва як миллат бар миллати дигар ин гувоҳи он аст, ки инсоният дар раванди таърих аз ин бедодгариҳо дар канор набудааст. “Он ҳанӯз аз лашкаркашиҳои Искандари Мақдуниву арабҳо, ки мардумро ба қатл расонида тамоми осори маданӣ ва китобхонаҳоро оташ заданд, ибтидо гирифта дар давраи ҳуҷуми муғулҳо, ҷангҳои салибӣ, ғоратгарӣ ва бедодгариҳои туркзабонон нисбати халқҳои эронитабори Осиёи Миёна, ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ ба Осиёи Марказӣ, ҳаракати босмачигарӣ, ҷанги Олмони фашистӣ, ҳаракати “Толибон”, “Ал-қоида” ва ғайра боз ҳам қуввати бештарро ба худ касб кардааст, ки далели он аз тарафи “ Толибон” ба хок яксон намудани ёдгориҳои буддоии музофоти Бомиёни Афғонистон мебошад.”

        Агар мо ба заминаҳои асосии ҷараёнҳои номатлуб дар замони муосир назар афканем, он аз зиддиятҳои гурӯҳӣ, манфиатҳои шахсони алоҳида ва суханбозиву дасисагӯиҳои баъзе аз диндорони ҷоҳил, ки имрӯз диққати мардумро бо ҳар роҳу восита ба худ мекашад, иборат мебошад. Пайдоиши ҳар гуна ҳизбҳову иттиҳодияҳо, ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ, ки бархеи онҳо бо мақсадҳои ғаразнок фаъолияти худро байни мардум паҳн мекунанд, решаҳои худро доранд ва онҳо таҳти сарпарастии ашхосе идора карда мешаванд, ки онҳо паси парда ниҳонанд. Ҳамин гуна ҳизбу ҳаракатҳо дар асрҳои миёна низ дида мешуд, ки онҳо низ мақсад, вазифа ва ғояҳои худро доштанд.

         Дар таърихи халқи тоҷик ҳаракату неҳзатҳои зиёде ба миён омада бо мурури замон боз аз байн рафтаанд. Чунончӣ ҳаракати Маздакиён бо сарварии Маздак, ки ҳаёти худро танҳо ба ибодати илоҳӣ бахшида буд ва ё ҳаракати Монавиён, ки он бо сарварии Монӣ дар замони ҳукмронии Сосониён зуҳур карда буд. Замони ҳукмронии Сомониён бошад, наҳзати қараматиҳо ва дар замони Салҷуқиён бошад неҳзати исмоилия вуҷуд дошт, ки таълимоти он ба муқобили мазҳаби Ҳанафияи ислом буд. “Ан-надим, Низомулмулк, Абдулқоҳири Бағдодӣ исмоилиёнро хавфноктарин душманони ислом номидаанд. Бо вуҷиди ин исмоилиёни оддӣ соддадилона гумон мекарданд, ки онҳо “барои покизагии дини ислом мубориза мебаранд.” Бо чунин усул ҷорӣ намудани ғояҳои табаддулӣ ва бисёр бидъатҳои халқӣ ба асрҳои миёна хос мебошад. “Моҳи октябри соли 1092 Низомулмулк аз тарафи исмоилиён кушта шуда буд.”

         Дар робита ба ин бояд қайд кард, ки ҳар як ҷараёнҳои террористиву экстремистие, ки фаъолияти худро бо роҳи даҳшатафканиву хунрезӣ байни мардум ба роҳ мондааст, заминаҳои худро доранд. Масалан “Ҳизб-ут-таҳрир” соли 1952 дар шаҳри Қудус аз тарафи як нафар фаластинӣ, мусулмони равияи суннӣ Тақаюддини Набаҳонӣ (1909 – 1979) таъсис дода шуд. Набаҳонӣ ба сифати омӯзгор сараввал дар донишгоҳҳо ва идораи динии Фаластин кор мекард. Баъдтар дар Байтулмуқаддас ва Ӯрдун ба донишҷӯён дарс медод. Ӯ омӯзгоронро аз Иордания, Сурия ва Лубнон дар атрофи ҳизби худ муттаҳид сохт. “Ҳизб-ут-таҳрир” яке аз шохаҳои асосии ташкилоти динии “Бародарони мусулмон”, ки ҳанӯз дар соли 1928 дар Миср аз тарафи омӯзгори мактаб шайх Ҳасан-ал-Банно таъсис дода шуда буд, маҳсуб мебошад. “Хотиррасон менамоем, ки ҳаракати “Толибон” дар солҳои 90 – уми асри ХХ ташаккул ёфтааст. Аммо решаҳои ғоявии онро дар Ҳиндустони Британии сеяки охири асри XIX дар мадрасаи Ҳаққония, ки донишҷӯён мероси донишгоҳи мусулмонии Диабандро меомӯхтанд, ҷустуҷӯ намудан лозим аст. Донишгоҳи Диобанд маркази мухолифини мусулмонон алаҳи мустамликадорони британӣ буд. Дар ин ҷо ҷавонони мусулмонро дар рӯҳияи инкор намудани маданияти ғарб ва риоя намудани анъанаҳои худи тарбия мекарданд. Мадрасаи мазкур баъд аз он, ки чанд нафар собиқ даспарварони он, аз ҷумла Мулло Умар сарвари ҳаракати “Толибон” гардиданд, дар Покистон маъмулу машҳур шуд. Ҳаракати “Толибон” дар оғоз ҳаракати қабилавӣ маҳзуб меёфт ва бар зидди тоҷикон, ӯзбекҳо ва ҳаҷорҳо равона карда шуда буд. Баъдтар маҳз бо кӯмаки хоҷагони хориҷиашон ин гурӯҳ фаъолияти худро тақвият бахшид” ки он хусусияти терористи ва экстремистӣ дошт.

        Террорист, ки кушандаи шахсони бегуноҳ аст, ҳеҷ гоҳ мусулмон буда наметавонад ва куллан зидди ислом аст. Терроризм ягон дину мазҳаби мушаххас, пайдоиши этникӣ, миллат ва ҷойгиршавии доимии ҷуғрофӣ надорад.

         Ифротгароӣ ва тероризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, ки дар ибтидои асри XXI хусусияти ҷаҳониро касб карда, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Бинобар ин дар ҷаҳони муосир мафҳумҳое, ёфт мешаванд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Аз ҷумла:

  1. Радикализм – тундгароӣ
  2. Фанатизм – таассубгароӣ
  3. Фундаментализм – бунёдгароӣ

        Ин падидаҳои ташвишовари муосир ҳамчун амали ҷиҳоду хизмат ба дини Худо аз тарафи афроди ҷиноятпеша рӯйпуш карда шуда истода, сафи пайравони ин ақидаи ботилро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу бесавод афзун менамояд. “Ин ташвиқгарони ифротӣ ҷавононро барои иштирок дар амалиётҳои мусаллаҳона дар қаламрави Сурия ва Ироқ ё худ замини Шомро натанҳо бо хизмат ба дини Худо ва ваъдаҳои дунёи охирати биҳиштӣ, балкӣ инчунин бо ваъдаҳои зару зевар, маблағҳои калон диққаташонро ҷалб менамоянд. Ҳамватанони мо, дар ҳудуди Тоҷикистон ва берун аз он дар муҳоҷират, ки сатҳи дониши номукаммал, ҷаҳонбинии танг доранд ва дар ташвиши ёфтани сарчашмаи даромади устувор ҳастанд, ба ин ваъдаҳо бовар карда рӯ ба гумроҳӣ меоранд”. Боиси таассуф аст, ки баъзе аз созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ кардани созмонҳои террористиву ифродгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмиллалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. “Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем”.

       “Ислоҳи ин вазъ таҳкими пойгоҳи ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар санадҳои байналмиллалӣ муқаррар намудани муҷозоти кишварҳои ба терроризм мусоидаткунанда, роҳандози намудани тафтиши байналмиллалии зуҳуроти терроризм ва мавриди муҳокимаи Суди байналмиллалӣ қарор додани роҳбарони сиёсӣ ва ҳарбӣ, фондҳои ба ном хайрия, соҳибкорон ва дигараш хоси ба тероризм мусоидаткунандаро тақозо менамояд.”

 

Норов И.С.

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд