Имрӯз 24 июни соли 2023 дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шанбегӣ баргузор гардид.

Дар шанбегӣ ҳамаи кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ва гирду атрофи корхонаву муассисаҳо аз партовҳо тоза карда шуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ чунин амали ободкориро ба роҳ монда, ҷиҳати тозаву покиза нигоҳ доштани шаҳри Хуҷанд саҳми худро мегузорад.