Мо, соҳибкорон дастгирию ғамхории Сарвари давлатро ҳамеша дар фаъолиятамон эҳсос мекунем. Вохӯриву мулоқотҳояшон бо соҳибкорони Ватанӣ ва хориҷӣ, шунидани мушкиливу муаммоҳои соҳа ва роҳнамоӣ кардан дар ободониву созандагӣ моро ба фаъолиятамон дучанд дилгарм намудааст. Эълон гардидани маратория, аз тафтишҳои беҳуда озод намудан ва иқдоми навбати авфи амвол мо соҳибкоронро дар иҷрои рисолати касбии худ боз ҳам дилгармтар намуд. Боварӣ дорам, ки дар ҷавоб ба ин иқдоми бузурги созанда сафи саховатмандону хайрандешон аз ҳисоби соҳибкорони бонангу номус зиёд хоҳад шуд.