Имрӯз дар асоси Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 25 майи соли 2023 №2 дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷина”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид.

Дар баргузории маҷлиси мазкур мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аъзоёни ҳизби ташкилоти ибтидоии мазкур иштирок намуданд.

Маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ бо суханони ифтитоҳии раиси ташкилот ибтидоии «Ганҷина» Мадина Салимова оғоз гардида, ҳозирин бо рӯзнома ва регламенти корӣ ошно карда шуданд.

Сараввал, ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷина” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуда, баъдан ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷина”, интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.