Санаи 17.06.2015 сол дар асоси нақшаи кории КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ Рӯзи ахбори сиёсӣ баргузор гардид. Ин навбат тарғиботчиён дар Рӯзи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Шукронаи Ваҳдат» андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла Рӯзи хониши сиёсӣ дар таваллудхонаи вилоятӣ бо иштироки кормандони таваллудхона баргузор гардид, ки дар он аъзои Раёсати кор бо занони кумиҷроия С.Бобоҷонова маърӯза намуда, чунин иброздошт: Ба имзо расидани «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» санаи 27-июни соли 1997 ба таври қатъӣ ба ҷанги бародаркуш хотима дод. Хирад ва рӯшноӣ бар ҷаҳолат ва торикӣ ғолиб омад. Созишномаи Москва дар таърихи халқу кишвари мо чун санаи муқаддас ва сарнавиштсоз бо хатти зарин сабт гардид. Сад шукр, ки Созишномаи истиқрори сулҳ сангпораҳоро шикаст,кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастурхони ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҷамъ овард. Имрӯз кулли мардуми сарбаланди тоҷик ифтихор аз Ватани азиз,бахти баланд ва истиқлолияти комили давлати Тоҷикистон дошта,баҳри гул-гулшукуфоии кишвар, пояи устувори иқтисодиёту маънавиёт ва мудофиаи он талош мекунанд. Ба хубӣ эҳсос менамоянд, ки ин ҳама хушрӯзиҳо тавассути татбиқи сиёсати сулҳофарини Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардидааст. Ҳама нашъаи хурсандию шодмонӣ мекунанду шукронаи Ваҳдат ва сулҳи бебозгашти Тоҷикистони азизро дар қаъри дил ҷой медиҳанд ва бо меҳри саршори хеш муҳаббати худро ба Сарвари хирадманд ва Ватани азизи аҷдодии хеш иброз менамоянд.