Тибқи накша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд  ва бо ҷалби аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар кумитаи маҳаллаи «Масҷиди Савр» баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ  шанбегии дастаҷамъӣ доир намуданд.

Дар шанбегии мазкур  бошандагони маҳаллаи «Масҷиди Савр» ҷомеаи омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ширкат намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб дар оянда низ баҳри корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободу зебо гардонидани кишвари маҳбубамон, хоса шаҳри Хуҷанд кӯшиш ба харҷ дода, дар шукуфоии як гӯшаи шаҳрамон саҳм мегузорад.