Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Салимабону Каримова ва доктори илмҳои иқтисодӣ, аъзои гурӯҳи таблиғотии кумиҷроияи шаҳрӣ Абдумавлон Азимов оид ба шарҳи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозону афсарони қисми ҳарбии 35-01 Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ гуфт, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ зикр намуданд, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар баробари ин, ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд.

Аз номи ҳайати қисми ҳарбӣ ва сарбозону афсарон командири қисми ҳарбӣ зикр кард, ки мо афсарону сарбозон ҳамеша дар ҳимояи Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳем ва дар ҷавоб ба ғамхорию дастгириҳои Пешвои миллат ҳимоятгари Ватанамон хоҳем буд.