Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни ифтитоҳи чорабинии  мазкур  аз ҷумла зикр дошт, ки  дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба ҳайси як нерӯи бузурги бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёт эътироф гардидаанд ва таҳкими нерӯи иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолони ҷавонон тасаввур намудан душвор аст, бешубҳа афзалиятҳои стратегӣ насиби он давлат ва ҷомеа мегардад, ки истифодаи самарабахши афкори пешрафта, пеш аз ҳама он нерӯи навоварро, ки густаришдиҳандаи асосии он ҷавонон мебошанд, аз худ менамоянд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҷавонон яке аз омилҳои асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҳамаи марҳалаҳо давлат кӯшиш намуда истодааст, ки дар маърифати зеҳниву ақлонии насли ҷавон тарбияи ғоявӣ, миллӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, ахлоқиву ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ, таҳаммул ва тоқатпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва амсоли инҳо ҷой дошта бошад, то ҷавонони мо мутобиқи талаби замон ва ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба воя расида, ба ҳаёти осоишта роҳёб гарданд. Таъсиси квотаи президентӣ барои ҷавонони шаҳру деҳоти дурдаст, роҳандозӣ шудани идрорпулӣ бо номи «Дурашандагон», ҷоизаҳои ба номи «Исмоили Сомонӣ» ва «Султон  Умаров» нишонаи ғамхории давлат ва Ҳукумати кишвар нисбати ҷавонон маҳсуб меёбад.  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ аз оғози фаъолияти хеш ба ҷавонон назару таваҷҷуҳи хосса дошта, барои боз ҳам бештар равона намудани ин нерӯи солим баҳри ободии диёр,  баланд бардоштани ифтихори миллӣ ташкилоти ҷамъиятии ҷавононро бо номи «Созандагони Ватан» таъсис дод, ки имрӯз фаъолияти бомаром дорад. Дар остонаи Рӯзи парчами миллии кишвар тақдиронидани ҷавонони фаъол бесабаб нест. Мо итминони комил дорем, ки ҷавонони мо минбаъд низ бо масъулияти бештар пайи бунёди қасри муҳташами Истиқлол кӯшиш варзида, дар баланд бардоштани сатҳ ва эътибори ин миллати фарҳангпаноҳ ва орому озод саҳм мегузоранд.

Аз номи гирандагони идрорпулӣ аъзои ташкилоти ибтидоии «Ливои зафар» Зайнаби  Ғуфрон миннатдории худро ба кумиҷроияи шаҳрӣ  расонида, шеъри ба тозагӣ эҷодкардаашро ба самъи ҳозирин расонид.

Раиси кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Фаттоҳзода дар ҳузури ҷавонони фаъол элон дошт, ки Кумиҷроияи вилоятӣ ҳамчун армуғон ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод сарпарасти нашри китоби ин шоираи навроҳ мегардад.

Бо ҳамин чорабинӣ хушу хотирмон ҷамъбаст гардид.