Инсоният дар давраи рақамикунонӣ қарор дорад. Ду даҳсолаи охир афзоиши миқёси татбиқ ва истифодабарии технологияҳои муосири иттилоотӣ дар ҳаёти ҷомеа мушоҳида карда мешавад. Ва шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, гуфтан мумкин аст, ки ҳамчун яке аз василаи робитаи байниҳамдигарии гуруҳи аҳолӣ ва ахбори умум хусусияти хоси замони мо шудааст. Интернет торафт бештар қариб тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятро забт мекунад. Умуман, ҳаёти имрӯзаро бе технологияи иттилоотӣ ва шабакаи Интернет тасаввур кардан имконнопазир аст.

Аз рӯи мушоҳидаҳо гуфтан мумкин аст, ки гуруҳи бештари истифодабарандагони фаъоли шабакаи умумиҷаҳонии Интернетро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ҳаёти ҷавонони имрӯза зери таъсири Интернет як қатор табаддулот ба вуҷуд омаданд: шабакаҳои анъанавии қабули маълумот, хислати муносибати байнишахсӣ тағйир ёфта, низоми арзишҳои инсонӣ дигаргун шудааст.  Ҳоло таҳқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ, пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва хатто ба безурётӣ оварда мерасонад.

Пас суоле ба миён меояд, ки шабакаи Интернет ба ташаккулёбии шахсият чӣ гуна таъсир мерасонад? Ба ақидаи мо, метавонад ҳам манфӣ ва ҳам мусбӣ таъсир расонад. Таҳқиқоти дар ин соҳа гузаронидашуда далели он аст, ки шабакаи умумиҷаҳонӣ ба услубу тарзи ҳаёт, одатҳо ва тартиботи рӯзи истифодабарандагон таъсири назаррас мерасонанд.

Мутаассифона, таъсири манфии шабакаи интернет ба истифодабарандагон, бахусус насли ҷавони ҷомеа бештар ба назар мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки аксарияти ҷавонон маданияти истифодабарии васоити муосири муошират ва шабакаи интернетро ба таври бояду шояд дуруст дарк накардаанд.  Онҳо аз телефон ва шабакаи интернет на барои гирифтани маълумоти мукаммалкунандаи донишу малака, балки барои дарёфти дигар маълумоти ба ахлоқи ҷомеа зарарнок сару кор мегиранд. Соатҳои тӯлонӣ вақти худро зоеъ сарф мекунанд. Махсусан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки он ҷо ҳар рӯз маълумоту ахбори нав ба нав нашр карда мешавад ва гуруҳҳои мухталифи истифодабардагон мавҷуданд, навиштаҷоти бемантиқ, дашному таҳқиромези бархе ҷавонон боиси таассуф аст. Ё ҳар гуна иттилооти иғвоангез нашр мекунанду шарҳҳои беасос менависанд. Аҷоиботаш он аст, ки ин гуна амалҳо аз тарафи ашхосе, ки дар шабакаи иҷтимоӣ саҳифаи қалбакӣ ё ному насаби мустаор доранд, раво дида мешавад. Масъулону маъмурони шабакаҳои иҷтимоиро мебояд ба ин гуна ҳолатҳо роҳ надиҳанд.

Дар ташаккулёбӣ ва риоя кардани маданияти истифодабарии интернет оила нақши муҳиму ҳалкунанда мебозад. Дар оила бо воситаҳои алоқа ва шабакаи Интернет чӣ гуна  муносибат кунанд, фарзанд аз он ибрат мегирад. Бояд худи падару модар назди кӯдак бисёр аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ борҳо таъкид мекунанд, ки одобу маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ, шабакаи интернет аз тарафи ҷавонон бояд риоя карда шавад. Ҷавононро мебояд бо мақсади ғанӣ гардонидану такмил додани савияи дониш, ҷаҳонбинии худ барои дарёфти маълумоти  манфиатдор, китобҳову навгониҳои соҳаи илм шабакаи интернетро истифода баранд.

 

Турсунова Ш.Т., устоди ДПДТТ,

аъзои  КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд