Дар толори иттифоқи касабаи вилояти Суғд бахшида ба рӯзи мавлуди муовини раиси иттифоқи касаба, аъзои фаъоли ҲХДТ Толибҷон Оқилов маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин маҳфил Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва кормандони кумироия иштирок намуда, соҳибҷашнро ба муносибати рӯзи мавлудаш аз номи роҳбарияти ҳизб табрику муборакбод намуданд ва дар вазъияти тантанавӣ ба Толибҷон Оқилов барои хизматҳои шоёнаш дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб тӯҳфаи хотиравии кумиҷроя тақдим карда шуд.