Санаи 29 июни соли равон дар ташкилоти ибтидоии “Камоли Хуҷандӣ” дар назди муассисаи таълимии томактабии №22- и шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлиси мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфова, раиси ташкилоти ибтидоӣ Шафоат Ахмедова ва аъзоҳои фаъоли ҳизб иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Камоли Хуҷандӣ” Шафоат Ахмедова оид ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 дар назди ҳозирин ҳисобот дода, афзуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоӣ    ва сари вақт иҷроиши он мо ҳамеша кӯшиш менамоем ва барои пешрафт, тараққиёт ва ободонӣ саҳми босазои худро гузошта истодаем ва дар оянда низ баҳри сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнвораҳо омодагии хуб дида, кӯдаконро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят мекунем.

Сипас, Назокат Юсуфова намоянади кумиҷроияи шаҳрӣ баромад намуда, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Камоли Хуҷандӣ” –ро қаноатбахш арзёбӣ карда, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани  30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷалби шахсони арзанда ба сафи ҳизб баромад кард ва оид ба тарзи дурусти ҳуҷҷатгузории ташкилоти мазкур  ва баратарф намудани камбудиҳои ҷойдошта маслиҳатҳои муфид дод.