Дар доираи сафари хидматии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ таҳти роҳбарии муовини Раиси ҳизб Хайринисо Юсуфӣ фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб ҷиҳати омӯзиши кумиҷроия дар баробари шиносоӣ бо шароити кории кормандон ва ҳолати ҳуҷраҳои корӣ инчунин ба рафти баррасии қарорҳои Анҷумани XIII ҲХДТ, маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Раёсати он, иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ва мактубу барқияҳои аз ҷониби Дастгоҳи Кумиҷроияи Марказии ҲХДТ ирсолгардида, фаъолияти шуъбаҳои кор бо занону ҷавонон, гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар ин радиф ба масъалаи коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ, аз ҷумла мутобиқ будани онҳо бо номгӯи санадҳои меъёрии аз ҷониби Дастгоҳи КИМ ҲХДТ таҳиягардида эътибори махсус дода шуд.

Ҳамчунин фаъолияти якчанд ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар маҷмӯъ тамоми самтҳои фаъолияти дохилиҳизбӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Гурӯҳи корӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолият, аз ҷумла қабули сифатноки аъзо, кор аз рӯи харитаҳои сиёсӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо маслиҳатҳои судманд доданд.