Таҷрибаи сиёсии Тоҷикистон нишон дод, ки баъди ба даст овардани Истиқтиқлолият кишвари азизи мо ба пешрафту дастовардҳои зиёд ноил гашт.

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» даҳ сол сипарӣ шуд ва санаи 11 июли соли равон дар пойтахти кишвар бо масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисону шаҳру ноҳияҳо, рӯҳониён, имомхатибон, устодони Донишкадаи исломии Тоҷикистон, адибон, олимону зиёиён ва ҷавонон ҷаласаи васеи машваратӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Қонуни мазкур мубодилаи афкор, суҳбат ва мулоқоти хеле судманд баҳри баланд бардоштани некӯаҳволии мардум (паст намудани сатьи камбизоатии халқ) доир гардид.

Боиси зикр, ки имрӯзҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд мулоқоту вохӯриҳо  доир ба фаҳмонидани мӯҳтавои Қонуни мазкур баргузор гашта истодааст.

Чунин як мулоқот дар ташкилоти ибтидоии китобхонаи аммавии ба номи Т.Асирӣ баргузор карда шуд, ки дар он собиқадори ҳизб Мукаррамахон Бузурукова баромади пурмуҳтаво намуд.

Падидаи нодири таърихӣ будани ин Қонун дар баромадҳои собиқдори ҳизб Сулҳия Муъминова ва намояндаи ҷавонон Парвиз Рустамов эҳсос карда шуд.

Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева ба чорабинӣ ҳусни хотима бахшида, аз тамоми иштирокдорони ҷаласаи машваратӣ даъват ба амал овард, то дар пиёда намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъул бошем ва бо иродату ихлос камари ҳиммат баста, саҳми худро дар эъмори Қонуни мазкур гузошта бошем.

Инчунин, аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ намоиши асарҳои Президенти мамлакат ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуд, ки хеле ҷолиби диққат буд.