Тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба таҷлили ҷашни 30 -солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Шӯрои иттифоқи ҷанговарони Афғонистон мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ таҳти унвони "Ҳомии Ватан" байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд доир гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров ва раиси Шӯрои иттифоқи ҷанговарони Афғонистон дар шаҳри Хуҷанд Муқим Қобилов ширкат варзида, ба ғолибон Ҷом, Диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳоро супориданд.