Санаи 28-уми ноябр дар асоси нақшаи кории шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар таваллудхонаи вилоятӣ мулоқоти корӣ бо табибону кормандони таваллудхона баргузор гардид. Дар ин мулоқот мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова дар бораи тарзи ташаккули ҳаёти солим, модари солим - кӯдаки солим, оилаи солим – ҷомеаи солим сухан ронда, табибонро ба шафқат ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба мардум ҳидоят намуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки табибони ин даргоҳ аз ҷумлаи инсонҳои хушбахт ҳастанд, зеро аввалин шуда, симои кӯдаки кучаки ба дунё омадаро ҳатто аз модараш ҳам пештар мебинанд. Аз ин рӯ бояд садоқатмандии худро нисбати касби хеш ҳамеша дар мадди аввал гузоранд ва ба мардум хизмати софдилона намоянд.