Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки бо ҳамдастии ташкилотҳои ибтидоӣ вохӯрӣ ва мулоқотҳои судмандро роҳандозӣ намуда, пазироии хешро аз ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами ҲХДТ баён намояд. Чунончӣ, рӯзи 18 январи соли 2023 ҳамин гуна як мулоқоти озоду самимӣ дар Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки бо сухани ифтитоҳӣ раиси ташкилоти ибтидоии муассисаи мазкур Гулнора Мирзоҳошимова баромад намуд.

Баъдан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва аъзои гурӯҳи тарѓиботии кумиҷроия Зеварой Бобоева зимни вохӯрӣ аз дастгирию ғамхории давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, бори дигар нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро ба иштирокчиён расониданд. Қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарани пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.