Дар идомаи боздид дар шаҳри Хуҷанд гурӯҳи кории дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ таҳти сарварии роҳбари дасгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳим Хонзода дар ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии “Олами афсона” ширкат варзиданд. Гурӯҳи кориро кӯдакони болаёқати кӯдакистон бо шеърҳои фарогири ватану ватандорӣ пешвоз гирифтанд. Аснои дидани ҳуҷҷатҳои ташкилоти ҳизбӣ ба раванди ҳуҷҷтгузории ташкилот баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки аз ҳисоби кормандони фаъолу пешрав шумораи аъзо зиёд карда шавад. Зеро ба ин дар ташкилот шароити мавҷуда муҳайё аст.

Сипас дар маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоӣ ҷаласаи ҳисоботӣ оғоз гардид. Роҳбари ташкилоти ибтидоӣ Ҷаҳонгир Салимзода аз фаъолияти шашмоҳаи кумиҷроия натиҷагирӣ намуд.

Сипас раиси ташкилоти ибтидоӣ ва ҳайати нави раёсати ташкилоти ибтидоӣ бо ҳузури аъзоён тасдиқ гардид. Ҷараёни қабули обуна низ натиҷагирӣ карда шуда, барои вусъати кор дар ин самт тавсияҳо дода шуд.

Абдураҳим Хонзода ва Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Малдикисломӣ Наим Мунаввар ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар самти иҷроиши бандҳои Оинномавию Барномавии ҳизб баҳои баланд дода, барои ислоҳи камбудиҳои ҷузъӣ дастур доданд.

Ба як қатор фаъолони ташкилоти ибтидоӣ барои фаъолияти хубашон дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорномаҳои кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрӣ супорида шуд.