Дар пешбурди фаъолияти ҳизбӣ матбуот мавқеи муҳим дорад. Боиси хурсандист, ки дар радифи нашрияҳои ҷумҳуриявии «Минбари халқ», вилоятии «Сухани халқ» нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд «Шафақ» ҳам дар байни аҳли ҷомеа, аз ҷумла устодону донишҷӯёни макотиби таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси касбӣ маҳбубияти бештар пайдо мекунад. Сол то сол зиёд шудани шумораи муштариёну хонандагони нашрияҳои ҳизбии мазкур далели ин гуфтаҳост.

Боиси хурсандист, ки дар арафаи ҷашнгирии  28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аъзоёни Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров», ки устодону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сарҷамъ сохтааст, меъёри обуна ба нашрияҳои ҳизбиро пурра иҷро намуданд.

Итминон дорем, ки ин гуна пешсафӣ дар дигар  макотиби таҳсилоти олӣ низ пайравони худро пайдо менамояд.