Бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барнома ва стратегияи иқтисодӣ таҳия карда шуд, ки ҳадаф аз он ба таври устувор баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодӣ мебошад. Яке аз ҳуҷҷати асосии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ - Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ҷараёни амалишавӣ қарор дорад.

Пас аз расидан ба Ваҳдати миллӣ дар партави сиёсати оқилонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иқтисодиёти Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба миён омад ва як силсила мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи навин бартараф гардида, таҳкурсии давлати соҳибихтиёр гузошта шуд ва корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ гардид.

Суръатбахшии инкишофи иқтисодӣ хусусигардонии моликиятро ҳамчун шакли нави хоҷагидорӣ тақозо дошт. Дар соли 2018 корхонаҳое, ки дар заминаи моликияти хусусӣ фаъолият мебаранд 79,6 % - ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2000 ум 7,5 маротиба зиёд аст. Тавассути ҷараёни муваффақонаи хусусигардонии моликияти давлатӣ миқдори аҳолии машғули кор дар бахшҳои хусусии иқтисоди ҷумҳурӣ мунтазам рӯ ба инкишоф ниҳод. Аз ҷумла, соли 2018 аҳолии машғули бахши хусусии иқтисод ба миқдори то 81,7% афзоиш ёфт, ҳол он ки дар соли 1991 ин рақам танҳо 19,0% -ро ташкил медод. Дар фосилаи даҳ соли охир дар қаламрави мамлакат беш аз 1 миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки ин бешубҳа ба коҳиши бекорӣ, ҷалби нерӯҳои меҳнатии дохилӣ ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири мусбӣ гузошт.

Тоҷикистон бо зиёда аз 130 мамлакати дунё муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ барқарор намудааст ва натиҷаи истиқрори чунин ҳамкориҳо ба равнақи тозаи ҷалби сармояҳои хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат намуда, теъдоди корхонаҳои муштарак рӯ ба афзоиш мениҳад. Айни замон, дар қаламрави кишвар беш аз 350 корхона бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ таъсис ёфта, ба коркарди ашёи хоми дохили мамлакат ва аз ин роҳ ба иҷрои барномаҳои пешрафтаи иқтисодӣ машғул мебошанд. Чунин коргоҳҳо, ба монанди КМ "Зарафшон" ва "Апрелевка", "Оби Зулол", "Ҷавонӣ", “Неку - Хуҷанд” фаъолияти хешро ба роҳ монда, аз ин роҳ ба иқтисоди кишвар таъсире босамар мегузоранд.

Бахши дигари ислоҳоти иқтисодӣ низоми бонкӣ мебошад. Ислоҳот дар ин самт ташаккули низоми бонкии дусатҳа ва зуҳури бонкҳои тиҷоратиро ба бор овард. Нахуст соли 1995 ба асъори миллии тоҷикӣ, ки он вақт рубли тоҷикӣ амал мекард, раванди бонизоми ҷорӣ шудани сиёсати пуливу қарзии давлатро дар кишвар асос гузошт ва ин амри заруриву саривақтӣ дар навбати аввал Тоҷикистонро аз вобастагии иқтисодӣ аз давлатҳои дигар раҳоӣ бахшид. Ба муомилот баровардани воҳиди пули миллии сомонӣ аз 30 октябри соли 2000 бошад, сиёсати пуливу қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таҳаввулоти тоза мувоҷеҳ намуд ва бар асари ин ислоҳоти пулӣ танзими таваррум ва дигар муносиботи пулӣ дар мамлакат имконпазир гардид.

Танҳо дар соли 2017 аз ҷониби бонкҳо ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ба маблағи 6,9 миллиард сомонӣ қарз манзур шудааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2012-ум 27,6 фоиз зиёд мебошад. Дар сохтори ин қарзҳо ҳиссаи қарзҳои дарозмуддат, ки ба рушди истеҳсолот мусоид мебошанд, дар муқоиса бо соли 2012-ум 4,7 фоиз афзун гардидаст.

Тоҷикистон дар байни 82 давлати рушдёфта аввалин кишварест, ки барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди ҳазорсола бо дастгирии СММ самтҳои асосии Стратегияи миллии рушдро барои солҳои 2007-2020 таҳия намуда, дар татбиқи он мавқеи хос ишғол намудааст.

Бо мақсади баланд бардоштани саҳти некӯаҳволии табақаҳои мухталифи ҷомеа ва ҳаллу фасли муаммоҳои иқтисодӣ Президенти кишвар ташаббуси таҳияи ҳуҷҷати давлатии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”-ро бар асоси тақсимоти одилонаи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ба миён гузоштанд. Натиҷаи ин иқдоми хирадмандона ва рушди босуботи иктисодии кишвар буд, ки дар ҷумҳурӣ сол ба сол даромаднокии аҳолӣ зиёд шуда, сатхи камбизоатӣ торафт кам шуда истодааст.

Ҷоизи ба қайд аст, ки рушди мунтазами иқтисоди кишвар бе таъмини истиқлоли энергетикӣ ва таъмини комили соҳаҳои хоҷагии халқ бо нерӯи барқ ғайриимкон аст. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз ҷумла сохтмон ва ба истифода додани НБО-и «Сангтӯда-1» НБО-и «Сангтӯда-2», ду агрегати «Роғун» ва дигар нерӯгоҳҳои хурду бузург.

Умуман, аз рӯи маълумотҳои оморӣ дастовардҳои иқтисодиёти Тоҷикистон гувоҳи онанд, ки кишвари мо бо сиёсати солими иқтисодӣ рушд ёфта истодааст.

Дар ин радиф – Ваҳдати миллӣ, сиёсат ва иродаи мустаҳками Пешвои миллат, сулҳу осоиш ва амният нишони асосии рушди кишвар мебошад.

 

 Замира ҶӮРАЕВА

Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ш.Хуҷанд