Имрўзҳо дар ҷаҳон теъдоди рекордии шахсони ҷавон – тақрибан 1,8 миллиард кўдакон ва наврасони аз синни 10 то 24 сола зиндагӣ доранд. Тақрибан 90 фоизи онҳо дар мамолики рушдёбанда ҳаёту фаъолият мебаранд ва то соли 2030 аҳолии ҷавони сайёра интизорӣ меравад. Бо дар назардошти алоқамандии афзоишёбанда, ҷавонон дар рушди ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ қувваи пешбаранда шуда метавонанд.

Дар аксари мамлакатҳои ҷаҳон, чӣ дар гузашта ва чӣ дар ҳоли ҳозир, масоили бо ҷавонон алоқаманд ҳамеша маркази таваҷҷўҳи давлату ҳукумат қарор доштанд. Махсусан, дар давраҳои қадим муаммои ҷавонон дар сиёсати давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷаро дошта, ҷавонон нерўи азими ҷисмонӣ ҳисобида мешуданд ва барои таъмини бехатарии кишвар, татбиқи мақсадҳои стратегияи ҳарбии давлат истифода мешуданд. Аз ин рўй, ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ пурқувват, солим ва тавоно яке аз захираҳои муҳимтарини ҳама гуна давлату ҷамъият маҳсуб меёфтанд.

Аз рўзҳои нахсутини соҳибистиқлолӣ татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон саъю кўшишҳои зиёдро барои мардум ва давлати тоҷик, барои нигаҳдории сулҳу осоиш дар кишвар, таъмини шароитҳои иҷтимоии арзанда барои ҳамаи сокинон ва насли навраси кишвар гузоштааст.

Сарвари давлат дар кулли соҳаҳо нақши ҷавононро дар бунёди ҷомеаи муосир нерўи азими арзишманд ва ҳавасмандкунанда меҳисобанд. Ҳамеша ташаббусҳо ва пешниҳодоти бунёдкоронаи ҷавононро дастгирӣ намуда, имкониятҳоро баҳри амалӣ гардидани онҳо фароҳам меорад. Пешвои миллат ба ҷавонон бо эътимод муносибат намуда, онҳоро ба ояндаи нек ва ноилгардии мақсадҳои созандагию бунёдкоронаи давлатдории миллии мо даъват менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат зимни ҳар як баромадҳояш таъкин менамояд, ки ташаккул ва рушди миллату давлат дар дасти ҷавонон қарор дошта, ҷавонон ояндаи миллату давлатанд. Ҷавонони ҷасур, матинирода, ватандўст, ки табақаи устувор ва серҳаракати ҷамъиятро ифода мекунанд, ҳамчун далели самти бомуваффақаияти давлатдории ҳукумат ва мардуми кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз барои ҳамин давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷавоноро дастгирӣ намуда, саҳми назарраси онҳоро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим қадр менамояд. Аз ҷумла, ҷалби насли наврас ба омўзиши мероси ниёгон ва ташаккули худшиносии миллӣ бо таваҷҷўҳи хосаи роҳбарияти кишвар ба эҳё ва эътирофи арзишҳои милли алоқаманд аст. Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ: донишгоҳҳо, донишкадаҳо, мактабҳо ва коллеҷҳо барои ҷавонон шароитҳои беҳтарин ҷиҳати азхудкунии илму дониш фароҳам оварда шудаанд. Вобаста ба ин бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» гузаронида мешавад. Озмуни мазкур ба баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар равона гардидааст.

Ҳамчунин ба ифтихори ҷашни 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, пайдо намудани беҳтарин намунаи оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардидид. Мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқие, ки ба озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгонро дар бар мегирад.

Вобаста ба ин саҳми ҷавонон дар таҳкими арзишҳои олии истиқлолияти давлатӣ сол аз сол афзуда истодааст ва тибқи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат амалӣ шуда истодааст. Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо ва суханрониҳояш қайд менамояд: «Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд».

Ҳамаи ин дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва махсусан Пешвои миллат ҷавоноро водор месозад, ки дастуру ҳидоятҳои сарвари мамлакатро бо масъулияти баланд дарк ва қабул намоянд ва баҳри ҳалли мушкилоти рўзмарраи кишвар саъю кўшиш намоянд. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ба асос гирифта, бо меҳнати худ, дониш ва хирад ба Тоҷикистон азизамон хизмат намуда, шўрати кишварамонро боло бардоранд, зеро ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрўзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

 

 Саидҷонов С.Ш. – муаллими калони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ,

аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд