Бо мақсади татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалӣ сохтани ҳадафҳои Барномаи ҲХДТ дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд, маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат бахшида ба таҷлили иди саиди «Қурбон» аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шабакаи барқи шаҳри Хуҷанд» се нафар аз оилаҳои ниёзманд аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока дастрас гардиданд.

Дар ин аёдат намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ширкат карда, аёдатшудагонро аз номи роҳбарияти ҲХДТ ба муносибати фарорасии иди саиди «Қурбон» табрику муборакбод намуд.

Дар навбати худ аёдатшудагон шукронаи сулҳу суботро карда, аз ин ғамхориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.