Бо иштироки аъзоёни Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатӣ доир гардид. Ҷаласаро раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар  ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа, ки аз даъвати маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ барои ҷамъбасти фаъолияти корӣ дар давраи шашмоҳаи аввали соли 2020, тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо ба сафи ҲХДТ,  қатъ, бақайдгирӣ ва азқайдбарории аъзои ҳизб, муваққатан боз доштани узвияти ҲХДТ ва иҷроиши фармоиш дар бораи гузаронидани муқоисакунии аъзои ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҷумҳурӣ иборат буд, шинос намуд.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади натиҷабардорӣ аз фаъолияти шашмоҳа санаи 21 июл ҷаласаи ҳисоботӣ доир карда шуда, самтҳои минбаъдаи фаъолият муайян карда мешавад. Ҳамзамон номбурда аз аъзоёни раёсат даъват ба амал овард, дар самти қабули сифатноки аъзо ҷиддан корбарӣ намуда, ҳамаи 235 ташкилотҳои ибтидоӣ бо ҷалби аъзоёни Раёсат ва кумиҷроия мавриди санҷиш қарор дода шавад. Мавсуф ба шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва занон дастур дод, ки барои коҳиш додани сатҳи бемории сироятии Ковид -19  тариқи кӯча ба кӯча корҳои тарғиботиро ҷоннок намояд. Ҳамзамон иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар маҳаллаҳо таваҷҷуҳро тақозо мекунад.  Таъкид шуд, ки ҳизбиён бо амали нек намуна бар ҷомеа бошанд.

Дар идомаи кори ҷаласа фаъолияти ситоди маъаракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ – “Минбари  халқ” ва “Сухани халқ” натиҷагирӣ шуда, қайд гардид, ки қабули обуна оғоз гардида, бояд дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмини он иҷро шавад. Зеро нашрияҳои ҳизбӣ инъикоскунандаи фаъолияти ҳизбиён мебошад.

Бо тасдиқи қарорҳои дахлдор ҷаласа ба кори худ хотима бахшид.