Бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоламон  бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Баҳри хубу хотирмон пешвоз гирифтани Наврӯзи Аҷам дар ташкилоти ибтидоии  “Хонаи кӯдакон”-и шаҳри Хуҷанд чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо кӯдакони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мадина Салимзода, муттахассиси шуъбаи кор бо кӯдакони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдумалик Зоидов ва сармуҳаррири нашрияи “Шафақ”- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфова ва директори  ин боргоҳи маърифат Шоира Ҳакимова иштирок намуда, тарбиятгирандагон ва кормандони Хонаи кӯдаконро бо Иди Наврӯз муборакбод гуфтанд. Тарбиятгирандагон низ барномаи фарҳангӣ бахшида ба Наврӯзи омалафрӯз омодакардаи хешро ба меҳмонон намоиш доданд.

Ҳамчунин, Мадина Салимзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли кормандон ва тарбиятгирандагон расонида, қайд кард, ки имрӯз давлату ҳукумат шумоёнро дар мадди назари аввал қарор дода, ҳамеша дастгиру пуштибонӣ менамояд, то ки шумоён бо тарбияи хуб ба камол расида, дар оянда барои Ватани худ хизматҳои шоён карда бошед.

Бояд зикр намуд, ки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфова табрикоти Раиси кумиҷроияи шаҳр Маликисломӣ Наим Мунавварро ба саҳми ҳозирин расонида, дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар аъзо фаъоли ҳизб Файзиева Шоирахон ва Файзиева Раҳбархонро бо Сипоснома ва туҳфаи  хотиравӣ қадршиносӣ кард.

 Дар фарҷоми чорабинӣ ба кӯдакон аз номи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.