Бо мақсади иҷрои қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ аз 25 майи соли 2023, таҳти №2 ва қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 13 июни соли 2023, таҳти №6 дар бораи гузоронидани маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Парасту” дар муассисаи таълимии томактабии №40 шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Назокат Юсуфова иштирок кард.

Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Парасту” Шаҳноза Бобоева аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 шунида шуд. Қайд гардид, ки ташкилоти ибтидоии “Парасту” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас нишон дода, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои назаррасеро анҷом додааст. Ҳамчунин якдилона аз ҷониби аъзои ҳизб қарор “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардид.

Доир ба масъалаи дигари рӯзнома бо пешниҳоди аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии “Парасту” ва инчунин бо назардошти фаъолияти пурмаҳсули сиёсиву ташкилӣ ва натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ бо ҷонибдории ҳамагон Шаҳноза Бобоева аз нав ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии “Парасту” интихоб гардид.

 

Назокат Юсуфова сармуҳаррири нашрияи ҳизбии “Шафақ” зимни баромади хеш зикр намуд, ки баҳри дар сатҳи баланд ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашнвораҳои бузурги давлатӣ  30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷкистон ва 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ дида,  аъзоёнро даъват ба амал овард, ки  вобаста ба ин ҷашвораҳо чорабиниву вохӯриҳо ташкил намоянд, то ин ки мардум  неъмати истиқлолро хуб дарк намуда, шукронаи давлати тинҷу ором ва соҳибистиқлолро карда бошанд.

Ҳамчунин, дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар фарҷоми маҷлис ба нафарони нав ба сафи ҳизб дохилшуда, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.