Имрӯз 30 август дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд тариқи оинаи нилгун тамошои мустақими  мулоқоти анъанавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ифтихори Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил якҷо бо ифтитоҳи бинои нави таълимии Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар арафаи ҷашни муқаддасу мубораки миллиамон – бистушашсолагии истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид, ба роҳ монда шуд ва дар он аъзоёни Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва вакилони халқ иштирок намуданд.

Баъд аз тамошои мустақими мулоқоти Сарвари давлат аъзоёни кумиҷроия омӯзгорону муҳассилини муассисаҳои таълимиро аз номи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Вилоятӣ ва шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Рӯзи Дониш табрику муборакбод намуданд.