Ҳифзи анъанаҳои беҳтарини санъати касбии тоҷик ҳамчун сарвати миллӣ ва рушди онҳо, баланд бардоштани нақши санъати касбӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар, дастгирии иқдомҳои эҷодӣ яке аз ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар ин замина ҳизб ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёқатманд саҳми назаррас мегузорад.

Шерафкан Ҷурабеков ҷавони боистеъдод дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералӣ аввалин барномаи консертии худро таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ» ба мухлисони савту суруд пешкаш намуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар баргузории нахустин консерти овозхони ҷавон саҳмгузорӣ намуда, дар рӯзи консерт аз ҷониби роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ ба Шерафкан Ҷурабеков, ки қаблан барои дохил шудан ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

.