Хонае, ки тифл бошад, ғусса дар он хона нест,
Хонае, ки тифл бошад, ғайбати бегона нест.
Монки аз ҳар хонадон ояд садои кӯдакон
Нархи ҳар як хандааш гӯйи ба сад дурдона нест.
Дар ҳақиқат кӯдак атои Парвардигор аст. Он хонаводае, ки аз он ҷо садои кӯдак мебарояд, шодиву хурррамӣ ҳамеша танинандоз мегардад. Ғаму ғусса ва ташвишҳои рӯзгор ба як хандаи кӯдак намеарзад. Вақте шахс бо кӯдак муошират ва каме бозӣ мекунад, хастагии худро ҳис намекунад ва ба як олами тахайюлӣ ворид мешаваду айёмии кӯдакии хешро пеши назар меорад. Аз ин лиҳоз ояндаи мову шумо ва давлат аз тарбияи дурусти онҳо вобастагии калон дорад.
Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 1-уми июн ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад.
Бори аввал соли 1950 бо қарори Анҷумани Шўрои федератсияи байналмилалии демократии занон Рўзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кўдак таъсис ёфт ва аз ин хотир санаи 1-июн ҳамчун Иди кӯдакон дар қатори дигар ҷашнвораҳо қайд карда мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятим ва маъюбу танҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд ва дар ҳар сафарҳояшон ба шаҳру навоҳии мамлакат пеш аз ҳама кӯдаконро шод намуда, таъкид медоранд, ки ҳеҷ гоҳ худро танҳо, ятим ҳис накунанд, зеро имрӯз давлату ҳукумат шумоёнро намегузорад, ки руҳафтода бошед ва шумоён дар мадди назари аввали мо қарор доред.
Дар ҳақақат Пешвои миллат ба ятимону бепарсторон ғамхориҳои зиёдеро анҷом дода, дастгириву пуштибонӣ мекунанд ва ҳамасоал тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҳифзи кӯдакон нисбати ин қишри ҷомеа ғамхориҳо зоҳир карда мешавад.
Воқеан, ҳам Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рўзҳои муҳим маҳбубият дорад ва ба ин муносибат баҳри болидахотирии кӯдакон чорабиниҳои идона барпо мегардад.
Бахшида ба ин муносибат Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон дар шаҳри Хуҷанд 65 нафар кӯдакони ятимро сарҷамъ намуда, барои болидахотирии онҳо сайругашт ва тамошои мавзеъҳои таърихию тамошобоби шаҳри Хуҷандро ташкил намуд, то ки дар қалби эшон меҳри Ватанро ҷой намуда, онҳоро ба ватандӯстию меҳанпарастӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят намояд. Бо роҳбарии аъзоҳои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” кӯдакон аз мавеъҳои хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, майдони Парчами давлатӣ, Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият ва Қасри таърихии Арбоб дидан намуданд. Ҳамчунин барои болидахотири кӯдакон дар дохили автобус мусиқии зинда сароида шуд, ки кӯдакон аз он хеле рӯҳбаланд гардиданд.
Ҳамзамон аз тарафи кумиҷроияи шаҳрӣ барои кӯдакон дастархони идона ороста шуд.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмооилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси куиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, кӯдаконро табрику муборакбод намуданд. Дар ҷасъбасти чорабинӣ ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Чорабинии идона ба муносибати Рӯзи кӯдакон хеле хубу хотирмон гузашт.