Дар факултети физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки ҷавонони факултет вохӯрӣ доир гардид.

Мавзўи баррасишуда вобаста ба иҷрои дастур ва супоришҳое, ки дар Паёми Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22 декабри соли 2016 ироа гардидааст, оид ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди давлатдории тоҷикон, пешгирии ҷинояткорӣ ва шормилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои экстремистӣ бахшида шуда буд.

Сараввал декани факултет Р.Назаров меҳмононро ба ин чорабинӣ хайрамақдам намуда, якчанд нуқта аз Паёми Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани соли 2017 соли ҷавонон истода гузаштанд.

Сипас муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент, М.Шамсиддинов баромад намуда, вохўрие, ки санаи 27 феврали соли равон дар Кохи фарҳангии ба номи Абуадуллоҳи Рўдакӣ бо иштироки сардори РВКД вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Шариф Назарзода бо устодон ва донишҷўёни донишгоҳ баргузор гардид, баррасӣ намуд ва аз натиҷаи он вохўрӣ ба донишҷўён маълумоти мушаххас дод.