17 январ дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд маҷлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси Раёсат ҳамаи аъзоёни он ширкат доштанд ва масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис гузошташударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нахуст раиси кумиҷроия Наим Маликисломӣ ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа ошно намуд.

Ёдовар шудан зарур аст, ки аъзоёни Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд қарорҳои муассисони ташкилотҳои ибтидоии навтаъсисро, ки барои тасдиқ пешниҳод гардида буд, тасдиқ намуданд.

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиб дар давраи семоҳаи чоруми соли 2016  1193 нафар аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил гардиданд ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ карда шуд.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 15188 нафар аъзои ҲХДТ ва 217 адад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолият мебаранд.

Бо қабули қарорҳо ба бандҳои асосии рӯзнома кори ҷаласаи раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд хотима ёфт.