Воқеан ҳам “Коррупсия” ба амнияти иқтисодии давлат, рушду нумӯи он ва дар маҷмӯъ ба сатҳи зиндагии мардум хисороти калон расонида, зиёд гаштани кирдорҳои ба коррупсия алоқаманд боиси ташвиш ва яке аз мушкилиҳои пешрафти ҷомеаи имрӯза шуда истодааст.

Мавриди зикр аст, ки коррупсия ба тақсимоти ғайриодилона ва хароҷоти воситаҳои давлатӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, кам ҷамъ шудани андозҳо, сарфа нашудани вақт ва паст шудани сифати кори дастгоҳи давлатӣ, ташаккули рақобати носолим дар бозор, муфлис шудани соҳибкорон, аз кор рафтани кадрҳои соҳибтаҷриба, кам шудани сармоя ва пешрафти истеҳсолот, паст шудани сатҳи хизматрасонӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, авҷ гирифтани ҷинояткорӣ, норозигӣ ва нобоварии шаҳрвандон ба институтҳои давлатӣ ва ниҳоят ба паст гардидани меъёрҳои ахлоқ дар ҷомеа оварда мерасонад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриву мулоқотҳо, чорабиниҳои сиёсӣ доир ба ин падидаи номатлуб изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои омилҳои коррупсионӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳими фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Дар қатори дастовардҳои мақомот дар ин давра, ҳамчунин аз ҷониби Президенти мамлакат доир ба камбудиҳои мавҷуда, беҳтар намудани фаъолият, тақвияти мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, назорати дурусти истифодаи маблағҳои буҷетӣ, риоя ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бо сифат анҷом додани тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муқовимат ба коррупсия дар назди роҳбарият ва кормандони он вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

        Дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба мақомоти Агентӣ ҳар як кормандро водор месозад, ки фаъолияти пурсамар намуда, саҳми босазои худро дар мубориза ба коррупсия гузошта, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста меҳнати софдилона намоянд.

         Танҳо дар ҳолати муборизаи дастаҷамъона, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми мардуми кишвар мо метавонем сатҳи содиршавии кирдорҳои коррупсиониро коҳиш дода, сазовори зиндагии арзанда гардем.

Камолов Н.Ш.,аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд,

 устоди ДПДТТ