Барномаи навбатии «Назаре бо оина» бо Муҳайё Шарипова дар вилояти Суғд ин дафъа ба муносибати Рӯзи парчами миллии кишвар бахшида шуда, дар он ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Коршиноси барнома номзади илмҳои таърих, дотсент Ҷӯрабек Исоматдинов зимни оғози барнома зикр намуд, ки таърихи навини давлатдории тоҷикон гувоҳи он аст, ки арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ, ки Парчами давлатӣ яке аз онҳо мебошад, барои дарки амиқи ғояҳои олии марбут ба ҳуввияти миллии мардум нақши муассире дорад. Парчам мақсаду мароми созандаи миллати тоҷикро инъикос намуда, ифодагари роҳи таърихии он мебошад. Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо, нишонаи ҳаёти осоишта, ваҳдат, сарфарозӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Парчами давлатии мо таҷассуми ҳастии миллати соҳибдавлат ва тамаддунофари тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он ба шумор меравад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми шарафманди кишвари мо бо саъю талош дар роҳи ваҳдату ягонагӣ исбот намуданд, ки ворисони арзандаи гузаштагони ватанпарасту озодандеши худ ҳастанд.

Иштирокдорони барнома бо як руҳияи ифтихор ва шодмонӣ андешаҳояшонро перомуни парчаму парчамдорӣ баён доштанд. Аз ҷумла зикр шуд, ки яке аз василаи хуби муаррифии кишвар тавассути парчам ширкати фаъолонаи варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки солҳои охир варзишгарони номии мамлакат Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадхуҷа Ёқубов, Асрор Воҳидов, Муин Ғафуров ва даҳҳои дигар ин корро шоиста анҷом медиҳанд.

Донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар васфи Ватану ватандорӣ шеъру таронаҳо суруданд.

Дар фарҷоми барнома аз ҷониби иштирокдорони барнома таклиф шуд, ки минбаъд парчам дар пештоқи ҳар хонадон насб карда шавад, то ифтихор ва ҳуввияти миллии сокинон баланд шавад.