Дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи саломатӣ” маҷлиси ҳисоботӣ -интихоботӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидои аз давраи моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда баргузор карда шуд. Инчунин дар маҷлис масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни ироаи сухан тазакур дода шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонн ба гуруҳҳои терористию экстремистӣ, дар ташкилоти ибтидои мунтазам чорабиниҳои сиёсӣ баргузор мегардад. Вобаста ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба саффи Қувваҳои мусалаҳ, дастгирии сисати созанда ва бунёдкори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани иродаи сиёсии мардум, ва амсоли ин соатҳои сиёсӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон вобаста ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ нутқ рафт. Тазаккур дода шуд, ки бо талошҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон 27 июни соли 1997 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон воқеаи беназире арзи вуҷуд кард, ки дар тақдири минбаъдаи миллати соҳибтамаддуни тоҷик таҳаввулоти бунёдӣ ба миён овард. Дар ин рӯзи муборак дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид ва он ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшид. Тавре Пешвои миллат таъкид намудаанд агар имрӯз аз мушкилӣ наҳаросида, барои ободиву осудагии Ватан талош варзем, агар кинаву адоватро аз синаҳо абадан дур карда, дар симои ҳамдигар дӯст, бародар, ҳамватан ва ҳамтақдирро бинем, пойдевори зиндагии фардо ва давлати соҳибистиқлоламонро мустаҳкам мегузорем. Инчунин бобати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавсеаи судманд дода шуд. Ҳамзамон масъалаи танзими ҳаракати аъзои ҳизб, қабул намудани шахсони содиқ ва арзанда ба сафи ҳизб баррасӣ гардид. Аз рӯйи масъалаҳои дигари маҷлис аъзои Раёсат ва раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардиданд. Ҳамзамон бобати ҷараёни маъракаи сиёсӣ “Обуна-2024” ва сари вақт анҷом додани он сухан рафт. Масъалаҳои дар рузномаи маҷлис пешниҳодшуда барраси гардида, қарорҳои дахдор қабул гардид.