Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва ҳалли муаммоҳои он» бо донишҷӯдухтарони бо квотаи Президентӣ таҳсилкунадаи хобгоҳи №1 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир карда шуд.

Дар мизи мудаввар мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Фирдавс Саидов ва намояндагони телевизиони Ҷаҳоноро ширкат варзиданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ «Бобоҷон Ғафуров» Ӯғулой Умаралиева зимни баромад қайд кард, ки тарбия ва ахлоқи ҳамида аз ҷумлаи мафҳумҳои водоркунандаест, ки инсонҳо тавассути он ба ҷое расидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар соли 2012 таъкид намуда буданд, ки «Ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар фарди ҷомеа мебошад».

Иқдоми дигаре, ки дар ин раванд ниҳода шуд, пас аз муҳокимаву баррасиҳо қабул гардидани «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 таҳти рақами 94 қабул шуд.

Консепсияи миллии тарбия ифодагари анъанаҳои арзишманди фарҳангиву ахлоқии миллати тоҷик маҳсуб гардида, ба муассисаҳои таълимӣ роҳҳои гунонгунро барои тарбияи инсони бофарҳанг, соҳибмаърифат ва солим пешниҳод менамояд.

Сарвари давлат дар китоби сеюми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз ориён то Сомониён» зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои умдаи таърихи халқи тоҷик, ба масъалаҳои таҳкими андешаи миллӣ ва тарбияи ҷомеаи мутамаддин ва хушахлоқ низ андешаҳои судманди хешро ба қалам додаанд.

Дар фарҷом миёни ҷавонон ва меҳмонони чорабинӣ мубодилаи афкор сурат гирифт ва ҷавонон ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.