Санаи 15 ноябри соли 2018 дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва тибқи нақша - чорабиниҳои КИ ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва дар робита бо МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, хоса шӯъбаи кор бо занон ва оилаи он таҳти унвони “Пешвои миллат – ифтихори модарону бонувон!” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид

Ҷамъомади мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Н.М. Маликисломӣ оғоз гардид. 

Бояд кайд кард,ки дар ин рӯзи таърихӣ ва фаромушнопазир ба донишҷӯи Донишгоҳи хуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Маҳфуза Ҳасанова Раиси КИ ХХДТ дар шаҳри Хуҷанд Н.М. Маликисломӣ шаҳодатномаи хизбӣ супорида, ба эшон дар тарғибу ташвиқи ғояхои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ баҳри зиндагии шоиста пирӯзиву комёбиҳо таманно намуд.

  Баромадкунандагон  намояндаи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодадат Аминҷонова дар мавзӯъҳои “Ҳомӣ ва роҳнамои мо – Эмомалӣ Раҳмон”, Муяссара Сангинова “Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу амнияти миллӣ”, Бобоева Зеварой “Пешвои миллат – ифтихори модарону бонувон!” оид ба зиндагиномаи ибратбахши Сарвари давлат, сифатҳои воло ва шахсияти беназири Ҷаноби Олӣ ибрози ақида намуданд.

Муовини Раиси КИИ “Истиқлол”, собиқадори ҳизб Атаева Ҳамро оид ба хидматҳои содиқонаи Президенти кишвар дар раванди рушди устувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ ақидаҳои судманд иброз доштанд.

Шаҳнозаи Иброҳимиён – аъзои Шӯрои духтарони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Пешвои миллат – ҳомӣ ва роҳнамои ҷавонон!” баромад намуда, аз ғамхориҳои падаронаи Президенти кишвар ва фаъолияти густурдаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди маорифу илм ибрози андеша намуд.

Толибилмони ТИ “Пӯлод Толис” дар васфи Президент, Ватан, Парчами миллӣ ва бунёди иншооти бузурги аср – Роғун шеърҳо қироат намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Н.М Маликисломӣ бори дигар ҳозиронро бо Рӯзи фархундву фаррухпай  - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шодбод гуфтанд.