Барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, ҷиҳати дар амал тадбиқ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тибқи барқияи телефонии КИВ ҲХДТ ва мувофиқи нақша чорабинии якҷояи Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бахши ҷавонон ва варзишии Мақомоти иҷроияи Ҳокимиятии давлатии шаҳри Хуҷанд бахшида ба 25 солагии таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қисми ҳарбии 3501-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дарҳои кушод таҳти унвони «Сарбози Ватан» бо иштироки ҷавонони синни то даъвати ҳарбӣ бо сарбозону афсарон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 200 нафар хонандагони синфҳои болои макотиби шаҳр, омӯзгорон ва ҷавонони фаъол иштирок намуда, аз шароити зист, ошхона ва лавозимоти ҷангии  сарбозону хизматчиёни ин қисми низомӣ дидан ошноӣ пайдо намуданд.

Баъдан сарбозон намунаи машқҳои ҷангию тактики худро ба иштирокдорони чорабинӣ намоиш доданд.