Дар шароити ҷаҳонишавии имрӯзаидоракунии давлат ва бурдани сиёсати давлатӣ хеле ҳассос ва мушкил гардидааст. Ин ҳолат дар бархе кишварҳои Осиё, бахусус Осиёи Миёна баръало мушоҳида мерасад, зеро кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба ҳар васила мехоҳанд, ки бозингари асосӣ дар минтақа бошанд ва манфиатҳои хешро дар он ҷо пиёда намоянд.

Ташкили ҳизбҳои экстремистӣ, ба вуқуъ пайвастани актҳои терорристӣ ва ба шуури шаҳрвандон бор намудани ақидаҳои бегона дар кишварҳои Осиёи Миёна вазъро дар минтақа осебпазир намудааст. Гузашта аз ин бархе аз давлатҳои абарқудрат кӯшиш менамоянд, ки байни кишварҳои Осиёи Миёна ҷудоӣ андохта, бо роҳандозии масъалаҳои кӯчак ихтилофу низоъ ангехтанианд. Ин оқибатҳои нангин ба вуҷуд оварда, дар натиҷа мардуми наздисарҳадӣ азият ва нооромиро аз сар мегузаронад.

Бо сиёсати дурандешона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пеш бурдани сиёсати дарҳои боз имрӯз сиёсати хориҷии кишвари мо, яке аз намунаи олии ҷодаи дипломатия дар ҷаҳон эътироф шудааст. Маҳз бо кӯшишҳои пайгирона ва таҳаммулпазиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои зиёда аз 20 сол қатъшуда бо ҷумҳурии Узбекистон аз нав барқарор ва роҳандозӣ карда шуд. Сафарҳои давлатии Президентҳои мамлакатҳо сахифаи нав дар таърихи давлатии ин ду миллат боз намуд. Имрӯз мардум аз ин сиёсати пешгирифтаи ду давлат шоду мамнун буда, мубодилаи молу коло баротиб афзуда, аз ҳама муҳимаш риштаи кандашудаи хешу табории ду тарафи марз аз нав барқарор ва мустаҳкам карда шуданд.

Чунин сиёсати ҳамгиро ва ояндасоз бо Ҷумҳурии Қирғизистон низ роҳандозӣ гардидааст. Вале мутаассифона моҳҳои охир муносибатҳои сарди байнисарҳадӣ ва нофаҳмиҳо миёни маҳалҳои наздисарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон бинобар тӯл кашидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад ба вуқуъ пайвастанд. Бархе гуруҳҳои дохиливу хориҷӣ аз ин истифода намуда, кӯшиш карданд,ки ин муносибатҳо боз ҳам шиддат гирад ва дар минтақа низоъ пайдо созанд.

Вале бо раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷээнбеков садди роҳи ин муааммо гирифта шуд.

Сарони ду давлат чанд рӯз қабл музокироти васеъро дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон дар фазои эътимоди комил, созандагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор намуданд ва инчунин мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст карданд. Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи онҳоро муайян намуданд.

Бовар дорем, ки бо таҳким бахшидан ба дӯстии ин ду миллат барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, бахусус афзоиши гардиши мутақобилаи мол ва роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург мусоидат хоҳад намуд.

Мо бояд аз ҳарду ҷониб барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои ҳамсоягарии тоҷику қирғиз мусоидати фаъол намоем.