Шоири шаҳири тоҷик устод Мирзо Турсунзода замони дар қайди ҳаёт будан як байтеро дар васфи дӯстӣ гуфтааст, ки то ба имрӯз вирди забони ҳамагон аст: Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо, Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо. Воқеан ҳам имрӯз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ таҳти сарварии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи ҳамин гуфтаҳои вассофи дӯстии халқҳо нигаронида шудааст. Пӯшида нест, ки таи чанд муддат инҷониб дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон дар минтақаи Исфара баъзе нофаҳмиҳо ба вуҷуд омада, кор то ба дараҷаи тирпарроониву оташкушоӣ расид. Баҳри ҳалли масъала бошад Роҳбарияти давлат чораҳои таъхирнопазир андешиданд ва шукрона, ки имрӯз дар сарҳад тинҷиву оромӣ амал мекунад. Дар радифи он дигар сохторҳои ҳукуматӣ аз ҷумла, МИҲД вилоят низ чора-тадбирҳои мушаххас андешидааст то ки муносибатҳои дӯстонаю бародарона бо кишвари ҳамсоя барқарор монад. Далели ин гуфтаҳо баргузории чорабинии фестивали дӯстии ҷавонони вилояти Суғд ва вилояти Боткенти ҷумҳурии Қирғизистон аст. Дар ҳамин шабу рӯзҳои норомӣ дар сарҳад иддае аз ҳамшаҳриёни мо, фаъолони ҲХДТ ҳисси баланди ватандӯстӣ зоҳир намуда, барои ошкор сохтани ҳақиқати баҳси сарҳадӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Як тан аз онҳо аъзои ҲХДТ, раиси кумитаи маҳаллаи «Ваҳдат»-и шаҳри Хуҷанд Нӯъмонхон Ҳасанов аст, ки кӯшишу заҳматҳои зиёде ба харҷ додааст, то ки ба даъвогарони мулку макон ҳақиқати ҳолро фаҳмонад. Дар натиҷаи тадқиқотҳои зиёд ба вай муяссар шудааст, ки китоби ҷуғрофшиносони маъруфи рус Щукин И.С. ва Гилярова М.А. «Таджикистан» (Сталинобод, 1935) ва харитаи тартибдодаи онҳоро, ки марзу буми кишварро муайян сохтааст, дарёфт намояд. Маводҳои дарёфтнамудаашро Нӯъмонхон Ҳасанов ба Прокуратураи вилоят чун «Пешниҳод оид ба делимитатсия ва демократсияи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон» пешкаш намудааст. Дар он сабабҳои воқеии ба вуҷуд омадани баҳси сарҳад байни ду ҷумҳурӣ, сабабҳои бепарвоии роҳбарони даврони шӯравӣ ба масъалаҳои сарҳадӣ дақиқ ва бо исботҳои илмӣ оварда шудааст. Боиси тазаккур аст, ки аъзои ҳизби мо ин иддаои хешро ба Прокуратураи генералӣ низ ирсол кардааст, ки аз ин мақомоти назорати иҷрои қонунҳо ба ин мазмун посух мегирад: «…Барои фаъолнокии шаҳрвандиатон, бетараф набуданатон дар ҳалли масъалаьои хати Сарҳади давлатии кишварамон ва кӯшишхои ванадӯстонаатон изҳори сипос мекунем…» Ба қавле ин як шингил аз боғ аст, ки дар ҳолати дастаҷамъона амал кардан метавон на танҳо масъалаи мазкур, балки дигар масъалаҳои ҳаётан муҳимро низ метавон ҳаллу фасл кард. Алалхусус, ин гуна иқдомҳои ватандӯстона дар шабу рӯзҳое, ки омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи вакилони халқ ба Маҷлиси Оливу маҳаллӣ вусъати тоза мегирад, бояд ҳарчи бештар зоҳир карда шавад. Аниқтараш ба раванди рӯйдоду воқеаҳо набояд бетарафӣ зоҳир намоем. То ки дар органҳои оливу қонунбарори мамлакат маҳз шахсони арзандаи даврон фаъолият баранд. Ногуфта намонад, ки ҳизбу ҳаракатҳои рақиб фаъолияти худро нисбати ҳарчӣ бештар соҳиб шудан ба мандатҳои депутатӣ пурзӯр карда истодаанд. Аз ин рӯ, интихоботи навбатӣ аз пешинаҳо фарқ хоҳад кард. Омодагӣ ба ин маъракаи сиёсӣ бояд аз имрӯз оғоз шавад. Ба ҳар гуна лофзанҳое, ки калимаи Ватан танҳо дар забонашон асту аммо, дар амал коре ба манфиати ватан намекунанд, ҳушу ёдашон танҳо ба пур кардани кисаи худашон аст, ҳамин гуна баромадҳои ватандӯстонаи на танҳо аъзои ҲХДТ, балки ҳар шахси ватандӯсту дилогоҳ зарур аст. Бале, мо дӯстиро ҷустуҷӯ дорем. Аз амонӣ гуфтугӯ дорем. Аммо, ҳамааш дар руҳияи ҳамдигарфаҳмию эҳтироми ҳамдигар. Имрӯз вақти он расидааст то ки нисбати ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, зуҳуроте, ки осоиштагии ҷомеаро халалдор месозад, овози худро баланд кунем. Мавқеи бетарафиро мо мавқеи душманӣ меҳисобем. Новобаста аз ин мо ҳамеша тарафдори дӯстиву рафоқат, ҳамдигарфаҳмиву Ваҳдати миллӣ ҳастем, ки он аз сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Роҳбари давалт, мунодии сулҳу амонӣ, Раиси ҲХДТ Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд.