Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии «Раззоқ» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, ки дар он Ӯрунбоева Муҳаббат Холиқҷоновна – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.

Дар ҷараёни маҷлис масъалаи шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи шаҳрии ҲХДТ ва масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва доир ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.