Фарҳанги сулҳ дар эҷодиёти гузаштагони миллати тоҷик мақоми марказӣ дошта, аксарияти онҳо дар бобати сулҳ андешаҳои ҷолибро аз худ ҳамчун нишонае боқӣ гузоштаанд. Оғоз аз сардафтари адабиёти классик, устод Абўабдуллои Рўдакӣ то осори сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ саршор аз ғояи сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ аст.

Таваҷҷўҳ ба арзиши ҳаётӣ ва волои сулҳ дар давраҳои мудҳиш ва хатарноки таърих боз возеҳтару амиқтар таҷассуми худро пайдо кардааст. Дар ин иртибот барои мардуми Тоҷикистон масъалаи сулҳу ваҳдати миллӣ басо аҳамияти баланд дорад. Бинобар сар задани ҷанги дохилӣ дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, ба тамоми сокинони кишвар таъсири бузурги моливу ҷонӣ расонид ва давлатро даҳсолаҳо аз рушд боз дошт. Хушбахтона, бо талошу заҳматҳои зиёди Пешвои миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли соли 1997 дар шаҳри Москав «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид ва Тоҷикистон давраи бисёр ҳам вазнинро паси сар намуд.

Сулҳи ба даст омада на танҳо аҳамияти дохили давлатӣ, ҳамчунин барои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати ҳифзи суботу амнияти минтақа нақши назаррас дошт. Таҷриба ва амалияи ба даст овардани сулҳи миёни тоҷикон минбаъд ҳатто аҳамияти ҷаҳонӣ пайдо намуд, ки онро баъдан коршиносони хориҷӣ модели «Сулҳи тоҷикон» низ номиданд. Ин таҷрибаи давлати Тоҷикистон дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва ба макони зисти доимӣ баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид. Дар таҳким ёфтани сулҳи байни тоҷикон саҳми Созмони Милали Муттаҳид ва давлатҳои кафил чун Россия, Эрон, Афғонистон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ўзбекистон низ хеле назаррас мебошад.

Воқеан тарғиби идеяи сулҳу ваҳдат ин як талош барои ҳифзи ваҳдату суботи сиёсӣ, созандагӣ, бунёди ояндаи нек ва мубориза бар муқобили ифротгароиву терроризм маҳсуб меёбад.

Қайд намудан ба маврид аст, ки натиҷаи кўшишу заҳматҳои мурдуми тоҷик ва махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе соли 2002 барои саҳми бузургаш дар эҷоди сулҳ ва сулҳофарӣ соҳиби ҷоизаи ЮНЕСКО ҳамчун «Душанбе – шаҳри сулҳ»  гардид.

Имрўз чун мо шоҳиди нооромӣ дар баъзе аз кишвар, аз ҷумла дар Афғонистон ҳастем, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, дар роҳи ҳалли мушкилотҳо методи гуфтушунидро мавриди амал қарор бидиҳанд ва таҷрибаи давлатҳои дигар, аз он ҷумла, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро барои ҳалли муаммои дохилии хеш мавриди истифода қарор бидиҳанд. Дар амалияи сиёсӣ ва дипломатияи ҷаҳонӣ ҳикмати «оташро бо оташ хомўш кардан нашояд», мантиқан бояд мавриди амал қарор гирифта бошад.

Вобаста ба шароити ноороми имрӯзаи Афғонистон, ки дар натиҷаи ба сари қудрат омадани Толибон ҷанги дохилӣ ба вуҷуд омад, ҳоло ягона роҳи осоишта ва ба манфиати мардуми ин кишвар ва минтақа созгор, гуфтушунид ва барқарорсози суботи сиёсӣ мебошад. Идома ёфтани вазъи ноором дар ин сарзамин боз ҳам мушкилот ва ҳалли онро душвортар мегардонад, ки таъсири манфии он на танҳо ба давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ба дигар минтақаҳо низ аз эҳтимол дур нест.

Дар ин иртибот ҳоло мо шоҳиди он ҳастем, ки барои ба роҳ мондани суботу амният дар минтақа ва ҷаҳон баъзе давлатҳо ва сарварони сиёсӣ дар баромаду суханрониҳояшон аз сулҳу амният ҳарф мезананд. Вале, мутаассифона баробари тарғиби идеяи барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муфиду созанда, аз рӯи гуфтаҳои хеш амал намекунанд. Яъне дар сухан аз сулҳу дўстӣ ҳарф мезанад ва дар амалияи сиёсӣ бар акси он рафтор менамоянд. Чунин рафторро «сиёсати дугона» ном бурдан мумкин аст.

Дар чунин вазъи сиёсии минтақа тарғиби идеяи суботу амният аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти баланди сиёсӣ дошта, он ба нафъи тамоми кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳон мебошад. Ҳоло ягона роҳи пешгирии паҳншавии идеологияҳои ифротӣ, терроризму ҷудоихоҳи ва поймол намудани ҳуқуқҳои инсон ҳифзу барқарорсозии суботу оромӣ ва амният дар минтақа ба ҳисоб меравад.

 

Саидзода Ш.Ш.

аъзои КИ ХХДТ дар шахри Хучанд