22 декабри соли 2016. Дар ин рӯз Паёми Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид. Ҳарчанд расман ин Паём ба Маҷлиси Миллӣ ироа шуда бошад ҳам он аслан ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азиз равона гардида буд. Дар Паёми имсолаи худ Сарвари Давлат аз натиҷа ва дастовардҳои соли 2016 ёдовар шуда, баҳри боз ҳам вусъат бахшидани корҳои созанда дар соли 2017 вазоифи  мушаххасро муайян намуд. Чун ҳарвақта ин бор низ Пешвои Миллат ба ҳаёти ҷавонони кишвар диққати махсус дода, аз қувваи бузург ва ояндасоз будани онҳо дубора ёдовар шуд: 

“Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд”, -баён намуд Сарвари Давлат. 

Ин нуктаҳои ироа гашта гӯё ба қалби ҷавонон – донишҷӯён гармие бахшид. Дигар сардиро ҳеҷ кас ҳис намекард. Қалби мо саршори меҳру муҳаббат ба сардори мамлакат буд. Бо ин рӯҳия ҳамагон бо як муҳаббати хоса ба суханони сарвари давлат гӯш медоданд.  Пешвои миллат саҳми назарраси ҷавононро ба инобат гирифта, баҳри боз ҳам пешрафти фаъолияти ҷавонон таъкид дошт, ки соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардад: “Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад”. 

Бар замми ин ба ғайр аз масъалаи ҷавонон Сарвари миллат ба дигар соҳаҳо низ аҳамияти ҷиддӣ доданд. Алалхусус Президент ба парлумон пешниҳод намуданд, то ки дар соҳаи сайёҳи ва туризм сабукиҳо ба роҳ монда шаванд. Зеро Тоҷикистони баҳиштосо макони имкониятҳои сайёҳи мебошад. 

“Паёми имсола боиси ифтихор ва розигии ҳар яки мо мебошад. Президенти кишвар дар ироаи Паёми худ соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намуданд ва ин моро дубора такон доду водор сохт, ки дар омӯзиши илм ва касбу кори гонугун саҳлангорӣ накунем. Баҳри пешбурд ва ободии Ватан камари ҳимат баста, коре кунем, ки ба ин боварии Пешвои миллат сазовор гардем. Аз он ки доираи омӯзиши маро сохтори дипломатияи муосир ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар бар мегирад, маҳз таъкиди бевоситаи Сарвари давлат маро дубора бедор кард, ки дар омӯзиши сиёсати ҳам кишвари худамон ва ҳам дигар кишварҳо бо масъулиятона ва саъйи ҳарчи бештар кӯшиш намоям.”, зикр намуд яке аз донишҷӯён дар фароварди Паёми Президенти кишвар.

Хулоса Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати Миллӣ ба мардуми кишвар ҳамчун як нақшаи солҳои оянда ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ҳар сол намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа аз омӯзгорон то саноатчиён бесаброна Паёмҳои Сарвари Давлатро интизор мешаванд. Дар ҳар як Паёми Президенти кишвар як навагонии ғайричашмдоште моро мунтазир аст. Дар ёд дорам ҳанӯз соли 2009 вақте ки дар курси дуюми факултети забонҳои хориҷӣ ташкил мекардам ва бори аввал ҳамроҳи ҳамсабақон якдилона Паёми он вақтаи Сарвари мамлакатро гӯш мекардем. Он вақт низ Президенти мамлакат нақши ҷавононро дар ҷомеа назаррас хонда, ҷавонони саодатмандро дар рӯҳияи донишомӯзӣ роҳнамои карданд. Дар идомаи сухан он вақт ба мақомоти дахлдор фармон дода буданд, то ки донишҷуён дигар ба маъраки пахтачинӣ даъват нашаванд, зеро вазифаи аввалин дараҷаи донишҷӯён ин донишандӯзӣ мебошад. Аз он дам то ба ин рӯз ман паёмҳои Сарвари миллатро бесаброна мунтазир мешавам, барои он ки дар зери ҳар як паёми Сарвари Давлат як тӯҳфаи ногаҳоние ниҳон аст.

 

М.Заҳурзод, 

омӯзгори кафедраи 

тарҷума ва грамматикаи забони англисии

ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров