Дирӯз табқи нақшаи корӣ Ҷаласаи комиссияи доимоамалкунанда оид ба корҳои матбуотӣ, таблиғотӣ ва фарҳангӣ дар назди кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.  Дар ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Н.М ва аъзоёни комиссияи мазкур иштирок намуданд.

Ҳисоботи раиси комиссия Ӯғулой Умаралиева оиди фаъолияти кории комиссия барои семоҳаи якуми соли 2019 шунида шуда, ҳайати нави аъзоёни комиссия ва нақшаи корӣ тасдиқ гардид.

Дар ҷараёни маҷлис  аъзоёни камиссияи мазкур вазифадор гардиданд, ки дар бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ фаъолона ширкат карда, бахшида ба 25 солагии таъсисёбии ҲХДТ барои дастрас намудани маводҳои зарурӣ оид ба таҳияи дастурамалҳо, мақолаҳо ва ташкили гӯшаҳо кӯмаки худро расонанд.